03:58 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Ба муҳоҷирони тоҷик 3,5 млн рубл қарзҳои маошро баргардониданд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Дар авоили моҳи июл ба Хадамот гурӯҳи 8 нафарии сохтмончиёни тоҷик муроҷиат карданд, ки дар ширкати сохтмонии “Инвесттрест”-и шаҳри Маскав машғули кор буданд. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ ширкат бояд ба онҳо 460 ҳазор рубл пардохт кунад.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Танҳо дар моҳи июл намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирон мусоидат кард, ки 547 ҳазор рубли қарзи маошро дарёфт кунанд, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Дар авохири моҳи июл шаҳрванди Тоҷикистон Саидхон Ҷобиров ба намояндагӣ занг зада, барои дарёфти маошаш сипосгузорӣ кард. Вай ба унвони фурӯшанда дар яке аз мағозаҳои шабакаи "Метро" дар Москав фаъолият мекард ва баъд аз тарки ин шуғл корфармо аз вай 17 ҳазор рубл қарздор шуд ва Ҷобиров наметавонист онро бидуни мусоидати намояндагӣ дарёфт кунад.

Ҳамчунин, дар авоили моҳи июл ба намояндагӣ гурӯҳи 8 нафарии сохтмончиёни тоҷик муроҷиат карданд. Онҳо дар ширкати сохтмонии "Инвесттрест"-и шаҳри Москав машғули кор буданд. Ба гуфтаи онҳо баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ ширкат бояд ба онҳо 460 ҳазор рубл пардохт кунад.

Вале ба далели мушкилоти молӣ ин ширкат пардохти қарзҳои худро ба дарозо мекашид. Баъд аз мудохилаи намояндагӣ раҳбарияти ширкат тасмим гирифт, ки қарзҳои худро аз коргарон батадриҷ пардохт кунад.

Ҳамчунин ин ниҳод кӯмак кард, ки Зармаст Наврӯзбеков қарзҳои худро ба маблағи 400 ҳазор рубл дарёфт кунад. Вай ба унвони сохтмончӣ дар ширкати "Эвронел-Колен"-и шаҳри Маскав кор мекард. Ин маблағи қарзӣ дар тӯли як сол ҷамъ шудааст. Дар ин муддат муҳоҷир маоши худро қисман, барои эҳтиёҷоти заруриаш дарёфт мекардааст.

Дар чанд рӯзи ахир бо мусоидати намояндагӣ боз чанд атбоъи тоҷик қарзҳои маоши худро дарёфт кардаанд. Ҳамид Султонов, ки барои як шахс кор мекард, 37 ҳазор рубл дарёфт кард, Хайём Маҳмудов, ки дар ширкати "Сохтмониву насбкунӣ" кор мекард, 80 ҳазор рубл, Сӯфиев Бобоҷон ва Давлатов Тоҷиддин, ки дар ширкати "Клевер-Эстет" кор мекарданд мутаносибан 60 ва 70 ҳазор рублӣ дарёфт карданд.

"Мутаъассифона мавориде низ ҳастанд, ки муҳоҷирони корӣ баъд аз муроҷиат ба намояндагӣ барои дарёфти маоши худ баъд аз гирифтани маблағ Намояндагиро огаҳ намесозанд ва телефони мобилии худро хомӯш месозанд ва бад ин тартиӣ имкон намедиҳанд, ки Намояндагӣ мавриди бозпас гирифтани қарзҳоро таъйид кунад", — омадааст дар хабар.

Намояндагӣ аз муҳоҷирон дархост кардааст, ки сареъан онҳоро аз бозпас гирифтани қарзҳояшон огаҳ созанд, зеро танҳо ба иддаъи корфармо қатъ кардани баррасии аризаи муҳоҷирон ғайримумкин аст.

Мавзуъ

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам
Муҳоҷирон дар муқоиса бо Русия ба Қазоқистон бештар сафар мекунанд
Коршинос: масҷидҳо ба муҳоҷирон хадамоти аслӣ ироъа мекунанд
Маҳмадбеков: фондҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби муҳоҷирон таъсис мешаванд
Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд
Нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли масоили муҳоҷирон ба Маскав рафт
Гавҳар Ҷӯраева: барои муҳоҷирон пардохти қиммати муҷҷавиз беҳтар аст
Коршинос: муҳоҷирон ба ҷои Русия ба Қазоқистон мераванд
Муҳоҷирон аз сафири Тоҷикистон дар Русия дархости кӯмак карданд
Аз оғози сол ба муҳоҷирон беш аз 2 миллион рублро баргардониданд
Барчаспҳо:
мушкили бозпас гирифтани маоши муҳоҷир, мусоъидат дар бозпас гирифтани қарзи маош, муҳоҷирон, намояндагии вазорати кори ҶТ дар Русия, Зармаст Наврӯзбеков, Саидхон Ҷобиров, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ