Хадамот: сокинони Хатлон аз сафари бебарори Русия огоҳ карда шуданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта 226 сокинони вилояти Хатлон ба Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кардаанд, омадааст дар сомона.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ҳудуди 150 сокини Хатлон аз вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, хабар медиҳад сомонаи Хадамоти муҳоҷират.

Ҳафтаи гузашта 226 сокинони вилояти Хатлон ба Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кардаанд, омадааст дар сомона.

Ҳадафи ҳамаи муроҷиаткунандагон дарёфти иттилоъ дар мавриди ҳаққи вуруд доштан ва ё надоштани худ ба Русия будааст.

Хадамот муайян кардааст, ки 144 нафар сокинони вилоят воридшавиашон ба Русия манъ шудааст ва 5 нафари эшон занҳо ҳастанд.

Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва шуъбаю бахшҳои он ҳангоми қабули шаҳрвандон ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0