Мақомоти Маҷористон: девор ва артиш мавҷи гурезаҳоро коҳиш дод

© AP / Bela SzandelszkyГурезагони сурӣ аз марзи Маҷористону Сербистон убур мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Гурезагони сурӣ аз марзи Маҷористону Сербистон убур мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маҷористон сар аз 15 сентябр қонуне ба амал даромад, ки назорати марзи давлатиро пурзур ва барои убури ғайриқонунии он муҷозот пешбинӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар пайи иҷрои қонуни нави Маҷористон дар бораи убури марзҳо мавҷи гурезаҳо коҳиш ёфтааст, изҳор дошт Золтан Ковач, сухангӯи ҳукумати ин кишвар зимни як брифинг дар шаҳри Сегед.

Парчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирати аврупоиҳо ба кишварҳои рушдкардаи ИА

"Натоиҷи аввалия ин аст, ки мавҷи гурезаҳо коҳиш ёфтаааст. Чун мо хатти марзро бо бунёди девору мустақар кардани артиш мустаҳкам кардем. Аз ин ба баъд ҳар нафаре мехоҳад, бояд онро дар доираи қонун убур кунад. Онҳо бояд барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кунанд", — изҳор дошт Ковач.

Сар аз 15 сентябр қонуне ба амал даромад, ки назорати марзи давлатиро дар Маҷористон пурзур ва барои убури ғайриқонунии он муҷозот пешбинӣ мекунад.

Аз ин ба баъд убури ғайриқонунии хатти марз ҷиноят ҳисобида мешавад, ки ҷазо дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ва ё ихроҷ аз қаламрави кишвар пешбинӣ шудааст. Муҷозот барои қочоқчиёне, ки афроди қонуншиканро аз марз мегузаронанд, сангин хоҳад шуд.

То ин замон гурезагон марзро аз минтақаи Реске амалан бидуни назорат убур мекарданд — тахмин зада мешуд, ки эшон баъд аз убур бояд бидуни таъхир ба идораи назидктарини пулис рафта барои дарёфти паноҳандагӣ ариза пешниҳод мекарданд, вале дар воқеъ қисми зиёди гурезагон бо тарси он ки мумкин аст дар Маҷористон эшонро нигаҳ доранд, ҳуҷҷатҳои худро дуруст намекарданд.  

Аз оғози соли 2015 ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо наздики 500 ҳазор муҳоҷир ворид шудааст, ҳамарӯзи шумори онҳо аз ҳисоби афроди навворид меафзояд. Комиссияи Аврупо изҳор доштааст, ки буҳрони муҳоҷирати феълӣ баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бузургтарин буҳрон ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0