06:31 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Таҷаммуъ дар назди сафорати ҶТ дар Маскав

Ҳамоишҳои инфиродии эътирозӣ ба марги Умаралӣ дар Маскав

© Страница Натальи Ивановой в Facebook
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
13 0 0

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Маскав дар эътироз ба марги Умаралии 5-моҳа ва бегонаситезӣ силсилаҳамоишҳо ва роҳпаймоиҳои фардиро анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 29 октября — Sputnik. Дар шаҳри Маскав силсила ҳамоишҳои эътирозии якранг дар робита ба марги Умаралӣ Назаров, муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик, ки шоми 13 ба 14 октябр бо сабабҳои дар ҳоли ҳозир номаълум дар Санкт-Петербург ҷон дод, идома дорад.

Видео ва аксҳои ин ҳамоишҳо дар шабакаҳои ҷитимоӣ, аз ҷумла Facebook ба таври хеле фаъол мечарханд.

Ин муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик баъд аз интиқол ба шуъбаи пулис аз модараш, ки ба иттиҳоми нақзи қавонини будубош дар қаламрави Русия боздошт шуда буд, тавассути кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейский ҷудо карда мешавад ва баъд аз якшабонарӯз ҷасади беҷони ӯ ба волидайнаш супорида шуд.

Яке аз корбарони фаъоли Фейсбук ва сокини шаҳри Маскав Наталя Иванова дар саҳифаи худ 40 аксеро гузоштааст, ки аз рафти таҷаммуъи сокинони маҳаллӣ хабар медиҳад. Тавре дар ин аксҳо дида мешавад, таҷамуъгарон аз ҳамватанони худ даъват мекунанд, дар робита ба марги муҳоҷири 5-моҳа бетараф набошанд.

Скриншот гузоштаи Наталья Иванова дар Fаcebook
Скриншот гузоштаи Наталья Иванова дар Fаcebook

Ба қавли хонум, Наталя Иванова, ин таҷаммуи инфиродии мусоламатомез рӯзи чаҳоршанбе дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав анҷом шудааст.

Дар баробари ин аксҳо дар саҳифаи расмии Ҳаракати сотсиалистии Русия дар Фейсбук навишта шудааст:

"Мо бовар дорем, ки марги ин кӯдаки ширхора ҳодисаи ногаҳонӣ нест. Он натиҷаи системаи нажодпарастие мебошад, ки миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зидди муҳоҷирон шакл гирифтааст. Мо таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия, гуманизатсияи қоидаҳои муҳоҷират ва ислоҳоти милитсия, аз ҷумла тоза кардани сохторҳои корҳои дохилӣ аз нажодпарасту бегонаситезонро талаб дорем".

Скриншот аз саҳифаи расмии Ҳарати сотсиалистии Русия дар Facebook
Скриншот аз саҳифаи расмии Ҳарати сотсиалистии Русия дар Facebook

Ин гуна таҷамуъҳои инфиродӣ инчунин дар ҷои анъанавии ҷамъшавии муҳоҷирон дар майдони "Сенное" сурат гирифтааст.

Ба назари сотсиалистон, танҳо ҳамбастагии шаҳрвандони Русия ва собиқ ҷамоҳири шӯравӣ зидди "бераҳмии пулис" метавонад, ба зӯроварие, ки қурбониёни аслии он қишри камбизоати тамоми миллатҳо мебошад, хотима бахшад.

Агар қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро дар Санкт-Петербург думболагирӣ доред, пас ин нишониро ангушт занед>>

 

 

Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
ХФМР, Умаралӣ, таҷаммуъ, Умар, Санкт-Петербург, бино, Маскав, муҳоҷир, Русия, сафорат, таҷаммуи мусоламатомез, Ҳаракати сотсиалистии Русия, ФМС, Наталя Иванова, Санкт-Петербург, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ