09:42 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Харобь дар девор. Акс аз бойгонӣ

ВАО: фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳ бо методи Монта-Кристо

© Sputnik / Алексей Даничев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ба навиштаи онҳо, муҳоҷирон ба воситаи латтапораҳои ҷойи хобашон аз ошёнаи дуюм фаромада, фирор намудаанд.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Се муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик аз боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Нижегороди Русия фирор кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳои иттилоотӣ.

"Боздоштшудҳо бо оҳани рахти хобашон қисми хишти пухта надоштаи деворро сурох кардаанд", менависанд расонаҳо.

Ба навиштаи онҳо, муҳоҷирон ба воситаи латтапораҳои ҷойи хобашон аз ошёнаи дуюм фаромада, фирор намудаанд.

Дар ин ҳуҷра ҳамроҳ бо ин се шаҳрванди Тоҷикистон се муҳоҷир аз кишварҳои дигар ҳам қарор доштаанд, аммо онҳо аз фирор худдорӣ кардаанд. "Онҳо мусалмонанд ва ҷои хобашонро пардабандӣ мекарданд, бинобар ин касе саривақт чизеро надид", — гуфтаан масъулини ин боздоштгоҳ дар шарҳи қазия.

Масъулини боздоштгоҳ сабаби асосии фирор ва аз чашми масъулин дур мондани деворсурохкуниро ба он рабт додаанд, ки маҳбусон латтаи ҷои хобашонро чун парда истифода бурдаанд.

Ҳоло ба навиштаи расонаҳо, дар ин қазия муҳофизро муттаҳам мекунанд, ки хоб карда, санҷиши ҳарсоатиро сарфи назар кардааст.
"Дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯӣ барои боздошти муҳоҷирони фирорӣ идома дорад".

Барчаспҳо:
муваққат, боздоштгоҳ, фирор, ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, вилояти Нижегород, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ