ВАО: "Монта-Кристо"-и тоҷикро барои як умр аз Русия ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Алексей ДаничевХаробӣ дар девор
Харобӣ дар девор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик аз боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Нижегороди Русия фирор кардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Самариддин Рустамов, ки ташкилкунандаи асосии фирор аз боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Нижегороди Русия ба шумор меравад, барои як умур аз қаламрави ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд, менависанд расонаҳои хабарӣ.

Маълум шудааст, чанд моҳи пеш Рустамовро барои табобат ба дармонгоҳ бурдаанд ва он замон ӯ талош кардааст, дармонгоҳро худсарона тарк кунад.

ВАО: фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳ бо методи Монта-Кристо

Се муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик аз боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Нижегороди Русия фирор кардаанд.

"Боздоштшудҳо бо оҳани рахти хобашон қисми хишти пухта надоштаи деворро сурох кардаанд", менависанд расонаҳо.

Ба навиштаи онҳо, муҳоҷирон ба воситаи латтапораҳои ҷойи хобашон аз ошёнаи дуюм фаромада, фирор намудаанд.

Дар ин ҳуҷра ҳамроҳ бо ин се шаҳрванди Тоҷикистон се муҳоҷир аз кишварҳои дигар ҳам қарор доштаанд, аммо онҳо аз фирор худдорӣ кардаанд. "Онҳо мусалмонанд ва ҷои хобашонро пардабандӣ мекарданд, бинобар ин касе саривақт чизеро надид", — гуфтаан масъулини ин боздоштгоҳ дар шарҳи қазия.

Масъулини боздоштгоҳ сабаби асосии фирор ва аз чашми масъулин дур мондани деворсурохкуниро ба он рабт додаанд, ки маҳбусон латтаи ҷои хобашонро чун парда истифода бурдаанд.

Ҳоло ба навиштаи расонаҳо, дар ин қазия муҳофизро муттаҳам мекунанд, ки хоб карда, санҷиши ҳарсоатиро сарфи назар кардааст.
"Дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯӣ барои боздошти муҳоҷирони фирорӣ идома дорад".

Лентаи хабарҳо
0