Тоҷикони Твер барои бунёди мактаб дар Бартанг пул ҷамъ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевРоҳ ба деҳоти Бадахшон
Роҳ ба деҳоти Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр дар ҳудуди вилояти Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588 тои дигар қисман вайрон гардидаанд. Аксари ин хонаҳои харобгашта марбут ба сокинони Рӯшонанд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҷамъияти тоҷикони Твер дар водии осебдидаи Бартанг мактаберо бунёд хоҳад кард, ки дар натиҷаи заминларза хароб шудааст.

Ҷамъияти тоҷикони вилояти Твери Русия ба раҳбарии Муқим Майбалиев аз омодагии худ барои бунёди мактабе дар водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр хароб шуд, хабар додааст.

© Предоставлено Насрулло АлиназаровымОт средней общеобразовательной школы остались только камни и вывеска, кишлак Нусор
От средней общеобразовательной школы остались только камни и вывеска, кишлак Нусор - Sputnik Тоҷикистон
От средней общеобразовательной школы остались только камни и вывеска, кишлак Нусор

Аз сӯи дигар, Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷамъияти тоҷикони ин вилоят ба суратҳисоби бонкии зарардидаҳои заминларза дар Бадахшон як миқдор маблағ ворид кардааст.

Қаблан дар шабкаҳои иҷтимоӣ ҳам ба осебдидаҳои заминларзаи 7 декабр ҷамъоварии маблағ шурӯъ гардида буд.

Куҳҳои Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Водии Бартанг: минтақаи дар инзивоъ монда

Дар гуруҳи "Pamir news"-и шабакаи иҷтимоии "Facebook" матлабе нашр шудааст, ки тибқи он хоҳишмандон метавонанд, тавассути як суратҳисоб дар Амонатбонк бо рақамҳои зерин кӯмаки худро фиристанд: 20202972600050571000 БИК 350101626 Корсчет 20402972316264 ИНН 720002556.

Ба ин ташаббус инчунин ду ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон — "TCELL" ва "Beeline" ҳам пайвастанд. Муштариёни ин ширкатҳо метавонанд, тавассути ирсоли паёмак кӯмаки худро ба сокинони Бартанг расонанд.

Арзиши як паёмак 5 сомониро ташкил медиҳад. Аммо хоҳишмандон метавонанд, бо такрори ирсоли паёмак амали худро зиёд кунанд.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр дар ҳудуди вилояти Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588 тои дигар қисман вайрон гардидаанд. Аксари ин хонаҳои харобгашта марбут ба сокинони Рӯшонанд.

Мақомоти ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0