01:33 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Тамрин оид ба наҷоти ғарқшуда дар об. Акс аз бойгонӣ

Ноболиғи 15 солаи тоҷик марди русро аз марг наҷот дод

© Sputnik / Андрей Александров
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Писари 15 солаи тоҷик дар вилояти Челябинск марди русро аз марг наҷот додааст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Хонандаи мактаби №3 шаҳри Киштими вилояти Челябинск Шукруллои Ғиёсзода аз зери дарёи яхбаста коргари корхонаи радиои Киштимро наҷот додааст, менгависад оҷонсии "Akboxing.ru".

Ба иттилои манбаъ, Шукруллои Ғиёсзода рӯзи 16 декабр ҳангоми ба дарс рафтанаш аз пули кӯчаи "Садовая" садоеро аз зери дарёи яхбаста ба шунид, ки "ёрӣ диҳед" мегуфт. Ӯ худро ба ҷое, ки овоз меомад, расонд ва дид, ки марде зери оби сарди дарё мондааст. Ин мард аз ҷумлаи коргарони корхонаи радиои Киштим буд, ки аз ин қитъаи дарё барои сохтани шаҳраки солинавӣ дар рудхонаи "Победа" ях мебуриданд, вале аз беэҳтиётӣ лағжида, дар оби сард ғарқ шудааст.

"Ман ба атроф назар кардам то ин, ки ягон чӯби дарозе пайдо кунам. Пайдо кардаму ба сӯи мард дароз кардам ва ба ӯ фаҳмондан, ки ба кадом тараф худашро гузораду дар ин ҳолат чӣ хел ҳаракат кунад. Ӯ тамоми қоидаҳои гуфтаи маро иҷро кард ва ман бо тамоми қувваам ӯро ба берун баровардам. Мо ин корро анҷом додем", — иброз доштааст Шукрулло аснои суҳбат бо расона.

Тибқи иттилоъи расида, ин мард қариб 20 дақиқа зери оби сард будааст ва агар Шукрулло ба ёриаш намерасид, ҳалок мешуд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Шукруллои Ғиёсзодаро барои наҷоти ҷони инсон ба медали "Барои наҷоти ғарқшудагон" пешниҳод кардааст.

Тавре маълум шуд, ду сол пеш Шукрулло ҳамин тавр, ду ҳамсинфашро, ки дар дарё ғарқ шуданд, аз об берун кашида будаст. Шукрулло дар Киштим муҳорибаҳои бидуни қоида ва бокс машқ мекунад.

"Вазорати маориф ва илми вилояти Челябинск ҳамроҳ бо маъмурияти шаҳри Киштим масъалаи ироаи ҳаққи шаҳрвандии Русия ба хонаводаи ин наврасро баррасӣ мекунанд", — иттилоъ медиҳад сомонаи мазкур.

Мавзуъ

Шарипов хост, риояи ҳуқуқи занони муҳоҷир дар Русия таҳқиқ шавад
Барчаспҳо:
ях, ғарқ, дарё, наҷотдиҳанда, наҷот додан аз марг, муҳоҷири ноболиғи тоҷик, муҳоҷират, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, Шукруллои Ғиёсзода, Киштим, Челябинск

Мавзӯъҳои асосӣ