Муҳоҷири тоҷик дар вилояти Брянск арӯс меҷӯяд

CC BY 2.0 / nikilok / wedding bells rideНақлиёти вижа барои арӯсу домод. Акс аз бойгонӣ
Нақлиёти вижа барои арӯсу домод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгори забони англисӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омада, дар айни ҳол барои оиладор шудан ҳамсар мекобад. Ӯ аз духтарони ҳамватанаш баъди воқеъа бо падараш руҳафтода ва дилшикаста шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон, Фирдавс Шокиров аз рӯзноманигорони маҳаллӣ хоҳиш кардааст, то барои ёфтани ҳамсар ба ӯ кӯмак кунанд, менависад рӯзномаи Брянск.

"Ман аллакай дар Почеп ҳавлии хурде харидаам ва ҳоло онро барои соҳибхонаи оянда омода карда истодаам",- иброз дошт гуфт Шокиров аснои суҳбат бо кормандони нашрия.

Дар мусоҳиба бо журналистони рӯзнома домод изҳор дошт, ки ӯ соҳиби маълумоти олӣ аст. Шокиров дипломи муаллими забони англисӣ дошта, инчунин курси барномасозиро низ хатм карадааст. Феълан дар ширкати хусусӣ кор мекунад, вале орзу дорад, ки дар мактаби маҳаллӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошта бошад.
"Агар маънои номамро бо забони русӣ фаҳмиданӣ бошед, "Рай" (биҳишт) мебошад. Ва ман мехоҳам тамоми кӯшишамро ба харҷ дода, барои завҷаи ояндаам, зиндагӣ чун дар биҳиштро муҳайё созам,- гуфт Шокиров. — Ман дар бораи духтарони Брянск бисёр шунидаам. Мегӯянд, онҳо духтарони дӯстдор, боэътимод ва бовафо ҳастанд. Махсус барои чунин арӯс ман ба ин ҷо омадаам".

Ироаи патенти кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Волгоград барои 30 ҳазор муҳоҷир ҷои кор меёбанд

Фирдавс дар шаҳри Душанбе дар оилае, ки таъминоташ хуб буд, ба дунё омада, ба воя расидааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, таҳсилро дар донишгоҳи маҳаллӣ идома додааст. Дар баробари Фирдавс, дар оила боз як хоҳари калонӣ ва бародари хурдӣ низ ҳастанд, ки онҳо дар Тоҷикистонанд. Зиндагии оилавии хоҳараш наонқадар хуб будааст ва дар охир шавҳараш ӯро бо як фарзандаш мондааст. Он вақт Фирдавс ба онҳо хона харид, то хоҳару фарзанди ӯ аз ягон чиз танқисӣ надошта бошад. Ӯ имруз ҳам бо даст додани шароит ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ба гуфти ҷавон, вай дар Тоҷикистон арӯс доштааст. Аммо ба сари падараш, ки дар як ширкати муваффақ кор мекард бадбахтӣ омаду ин ҳама сар шуд: тафтишоти андоз ва мақомот тамоми гуноҳро ба сари падараш бор карда, ӯро ба маҳкама кашиданд. Духтар низ аз Фирдавс рӯ гардонид.

Ҷавони тоҷик чанд сол қабл ҳамроҳи рафиқонаш ба Русия омадааст. Дар ибтидо, дар Маскав сокин шуда, дар ширкати бонуфузе кору фаъолият доштааст.
"Вале ман назди шумо на барои кор амадаам, ки хеле муҳим аст, балки дар хурдӣ ман орзуи бо бонуи рус хонадор шуданро доштам. Вакти ҷомаи амал пӯшонидани ин орзу омад",- илова мекунад муҳоҷири тоҷик.

Аввал ӯ кӯшид, то дар пойтахти Русия арӯс ёбад. Вале хеле зуд ноумед гашт: танҳо духтаронеро вомехӯрд, ки хоҳиши аз ҳисоби дигарон зиндагӣ карданро доштанд. Бархеи дигар аз тоҷик будани ӯ метарсиданд.

Боре дӯстонаш Фирдавсро ба масхара кашиданд. Гуфтанд, ки ӯро бо як духтар хуб шинос менамоянд ва ба меҳмонӣ даъваташ мекунанд.Ҷавони содда хеле хурсанд шуд, таоми миллӣ тайёр кард, дастархон орост ва арӯсро интизор шуд.

Ба мулоқот духтари ороишёфта бо подомани кӯтоҳ омад. Пас аз сарфи ғизо ба ҷавон часпида, шилқинӣ кардааст.

"Ман намедонистам бо кадом роҳ аз ӯ халос шавам, баъд маълум шуд, ки ӯ як духтари бероҳа будааст ва дӯстонаш ӯро даъват кардаанд. Ман шокӣ шудам! Маблағашро додам, то зудтар аз ӯ халос шавам",- шармгинона изҳор дошт, Фирдавс.

Баъди чунин ҳодисаҳои "ишқи ногувор"Фирдавс дарк кард,ки зиндагии шаҳри бузург барои ӯ нест ва дар ҷустуҷӯи маҳалли зист дар русто гардид. Интихобаш ба вилояти Брянск афтод. Хонаро дар соли 2015 шахсӣ карда, ҳоло он ҷо ба сар мебарад ва ба қавле одат кардааст.

Дар интиҳо Фирдавс гуфт, мехоҳад бо духтари то 28-сола издивоҷ кунад, агар як фарзанд ҳам дошта бошад, мушкил нест. Ӯ ваъда дод,ки агар орзуяш амалӣ гардад, албатта журналистонро ба тӯяш даъват мекунад.

Лентаи хабарҳо
0