23:57 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Ҷавонон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҷавононро аз хатари савдои одамон огоҳ месозанд

© Sputnik Амир Исаев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Беш аз даҳ ҳазор ҷавонон аз хатари савдои одамон огоҳ мешаванд. Семинар-омӯзиш иборат аз се барномаи иттилоотӣ таҳти унвони “Ҳуқуқи худро бидон ва аз савдои одамон худро эмин дор” ҷавонони Тоҷикистонро аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд ҷамъ меорад.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Семинари омӯзишӣ дар мавзӯъи огоҳии ҷавонон аз савдои одамон ва ҳимояи ҳуқуқи  муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз, 31 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашт ба кори худ шурӯъ мекунад, иттилоъ медиҳад дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон.

Чорабинӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи "Зан ва ҷомеа" дар доираи лоиҳаи USAID "Шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо"  баргузор мегардад. Дар семинари омӯзишӣ ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров иштирок хоҳанд кард.

"Бештари ҷавонони каммаълумот аз хатари гирифторӣ ба савдо ва истисмор осебпазиранд, чунки дар бораи шароити кору зиндагӣ ва қонунҳои кишвари бегона маълумот надоранд ва худро қонунан ҳимоя кардан наметавонанд. Ҳамчунин бо сабабе, ки таҷрибаи кору зиндагӣ берун аз шаҳри худро надоранд, ҳадафи осони ҷинояткорон мегарданд",- мегӯяд масъули Ассотсиатсияи "Зан ва ҷомеа" Муяссара Бобохонова.

Ҳадафи асосии омӯзиш баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонон ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ  ва пурзӯр гардонидани саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон ва дар умум ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои зиёди хориҷӣ аз қабили Русия, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шудаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти Муҳоҷирати Меҳнатӣ танҳо дар қаламрави Русия 863 ҳазору 426 нафар (706 ҳазор мард ва 156 ҳазор зан)  муҳоҷир ба қайд гирифта шудаанд.

Мавзуъ

Шарипов хост, риояи ҳуқуқи занони муҳоҷир дар Русия таҳқиқ шавад
Барчаспҳо:
қочоқи инсон, тиҷорати одамон, савдои инсон, дарс, омӯзиш, муҳоҷир, муҳоҷират, лоиҳаи USAID, Ассотсиатсияи "Зан ва ҷомеа", СБМ, Муяссара Бобохонова, Ашт, Душанбе, Тоҷикистон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ