23:59 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Пулиси Маскав бозори Садовод-ро тафтиш мекунад. Акс аз бойгонӣ

Афзоиши теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
13221

Дар қиёс бо маълумоти омории моҳи гузашта шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Русия дохил шудаанд, ин моҳ то 6 ҳазор нафар зиёд шудааст.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Русия шумораи ками шаҳрвандони аз Осиёи Марказӣ воридшуда ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар хабари сомонаи ХФМ-и Русия.

"Натиҷаи муқоисаи маълумотҳои омории аввали моҳи апрел ва моҳи март нишон медиҳад, ки теъдоди муҳоҷирин аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон на он қадар зиёд буда, шумораи шаҳрвандони Узбакистону Қазоқистон, ки тайи ин ду моҳ ба Русия ворид шудаанд, коҳиш ёфтааст",- гуфта мешавад дар иттилоъия.

Ҳамин тавр, ҳисоби оморӣ барои 5-уми апрел 878,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия ба қайд гирифтааст, ки ин нишондод нисбати моҳи март 5,9 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Ғайр аз шаҳрвандони тоҷик, 1,7 миллион муҳоҷир аз Узбакистон, 588,8 ҳазор шаҳрвандони Қазоқистон, 574 ҳазор аз Қирғизистон ва 24 ҳазор нафар аз Туркманистон дар қаламрави Русия ба қайд гирифта шудаанд.

Дар умум, аввали моҳи апрел дар ҳудуди Русия 3,8 миллион шаҳрвандони Осиёи Марказӣ сабти ном шудаанд, омадааст дар иттилоъия.

Қаблан Хадамоти федералии муҳоҷират дар бораи ду баробар коҳиш ёфтани шумораи коргарони ғайриқонунӣ дар қиёс бо соли 2015 маълумот дода буд.

Мавзуъ

Имкони ворид шудани тағйирот дар сиёсати муҳоҷират вуҷуд дорад
Барчаспҳо:
ду баробар, муҳоҷират, муҳоҷирон, муҳоҷир, кам, коҳиш, теъдод, Хадамоти федералии муҳоҷират, ХФМ, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ