18:03 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Порчае аз намоишномаи Кори бегона

Филм дар бораи муҳоҷири тоҷик дар Шветсария соҳиби ҷоиза гардид

Visions du Réel
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
6910

Намоишнома дар фестивали байналмиллалии филми ҳуҷҷатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб шуд. Филм дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки ба Русия бо орзуи ҳунарманд шудан меояд, нақл мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Намоишномаи Денис Шабаев "Кори бегона" дар бахши "Ҷадидтарин дебют" дар ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои мустанади "Visions du Réel" (Нигоҳи воқеъӣ) дар шаҳри Нони Шветсария ғолиб омад, иттилоъ медиҳад сомонаи "Русия барои ҳама".

Филм дар бахши "Нигоҳи нав" ба намоиш гузошта шуда буд.

Намоишномаи ҳуҷҷатӣ дар бораи муҳоҷири тоҷик, ки ба Русия натанҳо ба хотири кор балки барои ҳунарманд шудан омадааст, нақл мекунад.

"Фаррух муҳоҷири меҳнатӣ аст. Ҳамроҳи падар, модар ва бародаронаш дар Маскави нав умр ба сар мебаранд ва ба кори дӯстдоштааш машғул мешавад. Вале ба хотири ҳунарманд шудан ӯ зану фарзандонашро дар Тоҷикистон танҳо мондааст. Чун ӯ мехоҳад ҳунарманд, актери машҳур шавад",-чунин аст муҳтавои умумии филмнома.

Дар яке аз ин филмҳо ҳунарманди тоҷик нақши муҳоҷиреро, ки ба куштор айбдор мешавад, мебозад. Вале каме баъдтар дар зиндагии воқеиаш ӯ дар садамаи автомобилӣ ба марги нафаре гунаҳгор мешавад ва ба маҳбас меафтад.

"Наворгир ҳар қадами қаҳрамонро пайгирӣ мекунад, қаҳрамоне, ки мехоҳад роҳи худро дар зиндагӣ ёбад, дар сурате, ки ӯро дар ин ҷо ҳеч чиз интизор нест. Бо намоишномаи аввалини худ Денис Шабаев барои мо воқеъияти асл, муносибати бераҳмонаи атрфоиёнро ба маъраз гузоштааст",-гуфта мешавад дар хулосаи филм.

Ҷашнвораи филмҳои мустанади Vision du Reel бори аввал соли 1969 баргузор гардида буд. Ин фестивал аввалин бор дарҳои худро барои филмҳои ҳуҷҷатии манотиқи Шарқ кушод. Имсол ҷашнвора бори 47-ум доир гардида, зиёда аз 180 филмномаро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон ба намоиш гузошт.

 

 

Мавзуъ

Филми мустанад дар бораи собиқ сармураббии “Помир”
Манъи намоиши беш аз 400 филму сериёлҳои русӣ дар Украина
Барчаспҳо:
муҳоҷири тоҷик, ҳунарманди саршинос, намоишнома, филм, Нигоҳи воқеъӣ, Visions du Réel, Денис Шабаев, Фаррух, Шветсария

Мавзӯъҳои асосӣ