23:52 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Кормандони Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Маскав. (дар деҳаи Сахарово)

Дар Маскав бозори меҳнати корӣ барои муҳоҷирон фаъол гардид

© Sputnik / Денис Гришкин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1410

Анкетаи худро ҳамаи шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия дар низоми бераводид қарор доранд ва нафароне, ки иҷозатномаи кор (патент) доранду, кор мекобанд метавонанд ба манбаъ дохил кунанд. Нархи хизматрасонӣ 300 рубли русиро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Маскав дар Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ бо низоми тестӣ барои кишварҳои низоми бераводид, барои дарёфти ҷои кор кӯмак мерасонанд, хабар дода мешавад дар торномаи Марказ.

"Ҳамин тавр ҳар як шаҳрвади мамлакатҳои дорои низоми  бераводид, ки иҷозатномаи кор (патент) доранд ва мехоҳад ҷои кор пайдо кунад ва ҳамчунин роҳбарони корхонаҳо низ метавонанд ба маркази бисёрфунксионалӣ муроҷиат намоянд",-навишта шудааст дар сомона.

Ба воситаи чунин хисматрасонӣ шаҳрвандон вақти худро барои кофтани ҷои кор сарф накарда имкон доранд ҷои корро аз рӯйхати марказ интихоб намоянд. Ҳамгоми муроҷиат муҳоҷир бояд анкетаро пур намояд ва ин ҳуҷҷат ба корфармоён барои омӯхтани баъдӣ равон карда мешавад.

"Шумораи умумии корхонаҳои дорои ҷойҳои кори холӣ имрӯз 2000 ададро ташкил дода ин шумора боз афзоиш хоҳад ёфт",-меафзояд манбаъ.

Нархи дархост ҳам барои муҳоҷир ва ҳам барои корфармой 300 рубли русиро ташкил медиҳад.

То 5 апрели соли 2016 дар қаламрави Русия 878,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Мавзуъ

Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Барчаспҳо:
кӯмак, патент, муҳоҷирон, ҷои кор, Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ