17:34 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи "Хованское" ҷазои сазовор хоҳанд гирифт (17)
5110

Қазияи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди тафтиши вижа қарор дошта, омилҳои сар задани ҳодиса ва гунаҳкорон таҳқиқ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Субҳи имрӯз тариқи ҳавопаймои ширкати "Тоҷикэйр" ҷасади 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи муноқишаи дастаҷамъӣ дар қабристони "Хованское"-и Маскав кушта шуданд, ба Душанбе расид, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилаи кишвар.

Дар иртибот ба қазияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудаст.

Ёдрас менамоем, се шаҳрванди Тоҷикистон: Иноятулло Ризоеви 38-сола, Суҳроб Хушакови 22 ва Сайнуриддин Собирови 42-сола (ҳар се зода ва сокинони шаҳри Роғун)   рӯзи 14-майи соли 2016 аз ҷониби гурӯҳи авбошон дар натиҷаи муноқиша дар қабристони "Хованское"-и пойтахти Русия ба ҳалокат расиданд.

Тавре сухангӯи сафорати ҶТ дар Маскав Сарвар Бахтӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, бар асари ин задухӯрд 21 шаҳрванди кишвар бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳри Маскав интиқол ёфтанд.

"Комиссияи вижа иборат аз кормандони масъули сафоратхона ва ниҳодҳои дигар бо ҷароҳатбардоштагон вохӯрда, аз вазъи саломатии эшон бохабар шуданд",- илова кард оқои Бахтӣ.

Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Маскав тақрибан 10 шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ мебошанд ва боқимонда шаҳрвандон баъд аз ёрии аввалини тиббӣ мураххас шудаанд.

Мавзуҳо:
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи "Хованское" ҷазои сазовор хоҳанд гирифт (17)

Мавзуъ

Шувалов: қонунҳои муҳоҷирати меҳнатиро набояд аз рӯи ҷанг дигар кард
7 шаҳрванди Тоҷикистон баъди ҷанг аз ФР берун карда шуданд
Барчаспҳо:
қабристони "Хованское", се шаҳрвнд, изҳори ҳамдардӣ, тасаллият, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ