06:08 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Гӯристони Хованское. Акс аз бойгонӣ

Андеша: дар "Хованское" ҳазорон муҳоҷирон ғайриқонунӣ кор мекунанд

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи "Хованское" ҷазои сазовор хоҳанд гирифт (17)
2310

Наздики 1,3 ҳазор муҳоҷир-шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамарӯза ғайриқонунӣ ба қабристони Хованское ба кор мебароянд. Дар Идораи марказии ВКД-и Маскав ин рақамро нодуруст арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 май- Sputnik. Дар бораи ин рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии ФР роҳбари ҳаракати ҷамъиятии "Муҳоҷирон" Каромат Шарипов хабар дод.

"Мувофиқи маълумоти ман 1300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамарӯза ба гӯристони Хованское ба кор меоянд. 90 фисади онҳо-ғайриқонунӣ кор мекунанд. 10%-и маблағи ба даст омадаро ба раис месупоранд, маоши онҳо гӯё 30 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Кори онҳоро директори ҳамин гӯристон роҳбарӣ мекунад"-гуфт ӯ.

Дар баробар ин ӯ қайд намуд ки "ғайриқонунӣ" яъне натанҳо иҷро накардани қонунҳои Русия оиди муҳоҷират, балки кор бидуни ҳеҷ як иҷозатномаи корӣ (патент) ва шартнома бо корфармоён мебошад.

Муовини Идораи марказии ВКД-и Маскав Геннадий Голиков посух дода изҳор дошт, ки шумораи муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қабристони Хованское ба кор машғуланд камтар аст.

"Маълумотҳое, ки баъди муноқишаи Хованское ба даст омадаанл, нишон доданд, ки танҳо 7 нафар муҳоҷир дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанду халос, онҳо ҳам бошанд аз шумораи нафароне, ки барои "ҷанг" омада буданд",-изҳор дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия рӯзи шанбе занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд.

Мавзуҳо:
Колоколтсев: гунаҳкорони қазияи "Хованское" ҷазои сазовор хоҳанд гирифт (17)

Мавзуъ

КТ мехоҳад, ки шоҳидони ҷанги Хованское барои тафтишот кӯмак расонанд
Ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи ҳалокшудагон дар гӯристони “Хованское”
Намояндаи ВКД ҶТ дар тафтиши парвандаи “Хованское” ширкат мекунад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия: мо худиҳоро “намепартоем”
Барчаспҳо:
кори ғайриқонунӣ, муҳоҷир, моҷарои Хованское, Палатаи ҷамъиятии Русия, Геннадий Голиков, Каромат Шарипов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ