18:07 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Маркази имтиҳонсупории муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Ба муҳоҷирони тоҷик дар бораи ширкатҳои шубҳанок маълумот медиҳанд

© Sputnik / Александр Поготов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Раиси намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода имконоти кам кардани хароҷот барои гирифтани патенти такрорӣ ва дигар масоили марбут ба буду боши муҳоҷиронро баррасӣ намуд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Роҳбари намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода бо директори генералии Маркази муҳоҷирати меҳнатии шаҳри Маскав Николай Федосеев вохӯрӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии намояндагӣ.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани маълумотнокии муҳоҷирони тоҷик оид ба талаботи қонунгузориҳои Русияро баррасӣ намуданд.

Ба гуфти Федосеев зарурати таҳкими чорабиниҳои баланд бардоштани  маълумотнокӣ бо он вобаста аст, ки аксари муҳоҷирон аз хизматрасонии ширкатҳои шубҳанок зимни гирифтани сертификати забони русӣ, суруғтаи тиббӣ, ки барои гирфтани патент заруранд истифода мебаранд.

Зоҳир Мирзозода механизми муайян кардани эҳтимолияти нагирифтани патентро бо мақсади кам кардани хароҷот пешниҳод намуд.

Зимни баррасии масъалаҳои марбут ба буду боши муҳоҷирон дар Русия ба гирифтани патенти такрорӣ ва давомнокии он диққати махсус зоҳир гардид.

Мирзозода кам кардани хароҷоти патенти такрориро пешниҳод кард. Ба қавли ӯ эъҷоди шароит ва хизматрасониҳои дастрас асоси пешгирии будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон хоҳад шуд.

Қайд гардид, ки агар муҳоҷир бо сабабҳои гуногун натавонад сари вақт маблағи патентро супорад, имкон дорад ба Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ ё ба намояндагӣ барои муайян кардани қадамҳои баъдӣ ё бекор кардани патент муроҷиат намояд.

"Дар охир ҷонибҳо дар истеҳсол ва паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар фурӯдгоҳҳо ва дигар ҷойҳои оммавӣ ба мувофиқа расиданд",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Маркази муҳоҷирати меҳнатии Маскав нуқтаи иттилоотӣ дар бораи ҷойҳои холии корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор даромадааст.

Мавзуъ

Дар Маскав бозори меҳнати корӣ барои муҳоҷирон фаъол гардид
Барчаспҳо:
патент, Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ, Николай Федосеев, Зоҳир Мирзозода, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ