21:03 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Муҳоҷирони меҳнатӣ машғули кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ

Карелия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
8410

Мақомоти Карелия омода аст шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки хоҳиши кор ва зиндагӣ дар ин минтақаро доранд қабул намоянд. Дар бораи ин дар барномаи минтақавӣ оид ба дастгирии кӯчонидани ихтиёрии шаҳврандон гуфта шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар соли равон танҳо чор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯчидан ба Карелия шудаанд. Соли гузашта бошад ин нишондод ба 20 шаҳрванд расида буд.

Рақамҳо дар видеоконфронс, ки дар Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Карелия баргузор гардид, пешниҳод шуданд.

Дар ин конфронс коршиносон аз Тоҷикистон низ ширкат варзиданд. Зимни баргузории нишаст барномаи кӯчонидани ихтиёрии шаҳрвандони хориҷи кишвар ба Федератсияи Русия пешниҳод гардид.

Барнома бо талаботи муайян ва кафолатҳои иҷтимоии барои довталабон пешниҳод шудааст (манзили зист, кӯмакпулӣ, дарёфти ҷои кор).

Аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистон баъди кӯч бастан ба Карелия, ба ҳайси ронанда, ошпаз, кафшергари газ, корманди соҳаи барқ кор мекунанд.

Барчаспҳо:
барномаи дастгирии кӯчидани ихтиёрӣ, Хадамоти муҳоҷирати Русия, Карелия

Мавзӯъҳои асосӣ