23:29 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: дар Маскав 75% зӯроварии ҷинсиро шаҳрвандони Осиё содир мекунанд

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Қисми зиёди зӯроварии ҷинсӣ дар муҳити муҳоҷирон содир мешавад, хабар медиҳад муовини раёсати кофтукови ҷиноии РУ ВКД дар шаҳри Маскав Михаил Трубников.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik.  75% зӯроварии ҷинсиро муҳоҷирон  содир менамоянд ва 90% ҷинояткорон — шаҳрвандони давлатҳои Осиё мебошанд, рӯзи панҷшанбе дар миззи мудаввари "Пешгирӣ ва мубориза зидди зӯроварии занон" гуфт муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноии РУ ВКД дар шаҳри Маскав Михаил Трубников. 

Трубников қайд намуд, ки қариб  ҳар рӯз кормандони полис бо  ҷиноятҳое чун зӯроварӣ ва зӯроварии ҷинсӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

"Агар танҳо оморро ба назар гирем, назар ба соли гузашта имсол шумораи он кам мешавад. Аммо дар ин ҷо бояд зоҳирнашавандагии ин ҷиноятро ба назар гирифт. Аксари занон дар бораи ин намуди ҷиноят хабар намедиҳанд",- хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ кам шудани нишондодҳои ин намуди ҷиноят аз он вобаста аст, ки қисми зиёди муҳоҷирон аз марказ берун карда шудаанд. Ба гуфтаи вай қисми зиёди зӯроварии ҷинсӣ маҳз  дар муҳити муҳоҷирон содир мешавад. Гузашта аз ин мушкилии калоне, ки дар ин муҳит полис рӯ ба рӯ мешавад, ин педофилия мебошад. "Мехоҳам гӯям, ки ин барои полис аз мушкилии зӯроварии ҷинсӣ ҳам болотар  меистад",- гуфт намояндаи полис.

"Агар нишондоди омори умумиро гирем ва онро ба шумораи зӯроварии ҷинсӣ ҷудо кунем ва бубинем, ки аз тарафи кӣ содир мешавад, пас мебинем, ки 75% зӯроварон аз минтақаи Маскав нестанд. 90% онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиё мебошанд: Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон",- хабар дод Трубников.

Барчаспҳо:
Зӯроварии ҷинсӣ, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ