08:38 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Супоридани имтиҳон барои гирифтани патент. Акс аз бойгонӣ

Тартиби супоридани имтиҳон барои муҳоҷирон пурзӯр карда мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Имтиҳон аз фани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз 1 январи соли 2015 ҳамчуни имтиҳони ҳатмӣ барои дарёфти патент ҷорӣ шуд, новоқеъбинона хонда шуд. Дар робита бо ин Вазорати маорифи ФР мехоҳад низоми ягонаи имтиҳонсупориро ҷорӣ намояд.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия лоиҳаи қонунро, ки бояд тартиби ягонаи имтиҳонсупории муҳоҷиронро аз фани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои двлат ва ҳуқуқ ба низом дарорад омода намудааст, иттилоъ медиҳад "Российская газета".

Тавре маълум шуд, корфармоён аз тартиби супоридани имтиҳони ягона, ки аз 1 январи соли 2015 ҷорӣ шуда буд, шикоят карда онро бесамар хондаанд.

Ҳамин тавр аксари муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз имтиҳон ба хубӣ гузаштаанд ва соҳиби патент мебошанд, ба забони русӣ ҳарф зада наметавонанд.

Дар бастагӣ бо ин дар мақомот ҷорӣ намудани ҷарима барои имтиҳонгирандагон-то 30 ҳазор рубли русӣ барои омӯзгорон ва то 300 000 рубли русӣ барои шахсони ҳуқуқиро талаб доранд.

"Мӯҳлати эътибори худи сертификат оиди донистани забони русӣ на 5 сол (чун ҳозира), балки се сол хоҳад шуд. Онҳое, ки аллакай соҳиби сертификат ҳастанд, бояд аз сари нав донистнаи забони русиро тасдиқ кунанд",-иттилоъ медиҳад РГ.

Қайд мегардад, ки шаҳрвандони Белорус, ки забони русӣ барояшон чун забони дуюм маҳсуб мешавад, аз супоридани имтиҳони ҳатмӣ озод карда мешаванд.

Эҳтимол меравад, ки аз супоридани имтиҳони ҳатмӣ ҳамчунин дар ояндаи наздик шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдава низ озод карда мешаванд.

Барчаспҳо:
имтиҳони муҳоҷирони меҳнатӣ, Вазорати маориф в илм, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ