20:24 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Гирифтани патент дар маркази бисёрфунксионалӣ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: 173 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Аз моҳи январ то моҳи августи соли равон 173 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия гардидаанд,ки ин шумора нисбати соли 2015-43 ҳазор зиёдтар мебошад. Иҷозати истиқомат низ чандин маротиба зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Аз аввоили соли ҷорӣ ба ҳудуди Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи камтари шаҳрвандони хориҷӣ дохил шудаанд.

Мувофиқи маълумоти ВКД шумораи шаҳрвандоне, ки ба қаламрави Русия дохил шудаанд, то 8% (зиёда аз 1 миллион нафар) кам шудааст. Шумораи нафароне, ки аз Русия баромадаанд, то 15%  (тақрибан 1,8 миллион нафар).

Мувофиқи гузориши ВКД-и Русия оиди вазъи муҳоҷират дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2016 дар Федератсияи Русия айни замон зиёда аз 10,3 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ буду бош доранд.

Дар давоми 8 моҳ барои шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 98 ҳазор иҷозатномаи корӣ, 1,1 миллион патент, нисбати 154 ҳазор ва 1,4 миллиони тирамоҳи соли гузашта, додаанд.

Аз ҷумла ба қаламрави Русия 8 ҳазор нафар соҳибихтисос ва зиёда аз 20 ҳазор нафарони мутахассиси кори худ ворид шудаанд.

Дар баробари ин ВКД қайд менамояд, ки дар соли 2016 нишондиҳанда оиди гирифтани шаҳрвандии ФР афзудааст: дар давоми ҳашт моҳ тақрибан 173 ҳазор нафар соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Ин нишондод соли гузашта ба 125 ҳазор баробар буд. Иҷозатномаи истиқомат бошад нисбати соли гузашта се баробар афзудааст: 120,5 ҳазори имсола, 88,7 ҳазори соли қаблӣ.

Дар давоми ҳамин моҳҳо зиёда аз 100 ҳазор ҳамватанон ва аъзоёни оилаҳояшон ба қайд гирифта шуда, наздики 216 иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба расмият дароварда шудааст.

Мавзуъ

Бо ёрии вазорати меҳнат 2,5 миллион рубли музди муҳоҷирон баргардонида шуд
ВКД: дар Маскав 75% зӯроварии ҷинсиро шаҳрвандони Осиё содир мекунанд
Барчаспҳо:
иҷозатномаи зист, патент, Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ