10:39 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Зодаи вилояти Суғд тавонист, ки ба воситаи бори дуввум аз тарафи Суди шаҳри Маскав баррасӣ шудани парвандааш, аз ҷарима ва депорт озод шавад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik.Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ тавонист, ки як шаҳрванди худро аз ҷурми хориҷ шудан аз Русия халос кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раёсат.

Бо ибтикори намояндагии раёсат Суди шаҳрии Маскав қарори суди ноҳиявиро дар бораи депорти сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бекор кард.

"Мусофиқи қарори суди ноҳиявии Перов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ба Русия ворид шудан,  бими тиббии ҳатмӣ ба расмият надаровардааст ва бо ҳамин сабаб гӯё меъёрҳои ҳуқуқии қонуни федералии Русияро оид ба воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ вайрон намудааст",- омадааст дар хабар.

Мард ин қарори суди ноҳиявиро беасос дониста, ба намояндагии вазорати меҳнат дар Русия муроҷиат намуд.

Маълум гардид, ки ин меъёри қонун нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи созишномаи рафтуомад бидуни низоми раводид,  бекор карда шудааст. Барои ҳамин ба номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима барои шаҳрвандони Тоҷикистон  бими тиббӣ дохил намешавад.

"Суди шаҳрии Маскав ин далелҳоро ба назар гирифта,  қарори суди ноҳияивии Перовскро дар барои ҷарима кардан  ба маблағи 5 ҳзр. рубл ва депорти шаҳрванд бекор  намуд",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои Вазорати меҳнат ҶТ аз тарафи судҳои Русия 69 қарои судҳои ноҳиявӣ дар бораи хориҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда шуд.

Барчаспҳо:
Суди шаҳрии Маскав, депорт, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ