11:10 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мантиқро ба кор меандозем, ё дар бораи имтиҳонсупории муҳоҷирон

Муҳоҷирони тоҷик бидуни маълумоти махсус диплом мегиранд

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Дар Тоҷикистон вакилон пешниҳод намудаанд, ки ба шаҳрвандони дорои касбу маҳорат ҳуҷҷати тасдиқӣ дода шавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik.Вакилони палатаи поёнии Тоҷикистон қонун "Дар бораи таҳсилоти калонсолон"- ро қабул намуданд, менависад сомонаи парлумон.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки ягон касбу корро мустақилона омӯхта, соҳиби сертификат дар бораи маълумот шаванд.

Ба андешаи вакилон лоиҳаи мазкури қонун имконият медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия тавонанд  шаҳодатнома дар бораи тайёрии касбиро зуддатар ба даст оранд. Бо гирифтани ҳуҷҷат ба онҳо мушкилии кортаъминшавӣ дар Русия ва ё кишвари дигар осонтар мешавад.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зиёда аз 70% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, ягон ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро надоранд. Номбурда афзудааст, ки муҳоҷирон соҳиби касбҳои гуногун ба монанди сохтмончӣ, ороишгар, таъмиргари мошинҳо ва ғайра  мебошанд, аммо ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд.

Ӯ қайд намуд, ки қонуни мазкур имконият медиҳад, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ эътиро карда шавад ва ин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

"Бо қабули Қонуни мазкур мо "таҳсилоти ғайрирасмӣ" ва "таҳсилоти ғайриасосӣ"-ро эътироф хоҳем намуд, ки дар шароити воқеи хело саривақтист",- мегӯяд раиси палаи поёнӣ.

Барчаспҳо:
Қонун "Дар бораи таҳсилоти калонсолон", Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ