Путин: барои мутобиқгардонии муҳоҷирон хадамоти махсус лозим аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин-президенти Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ
Владимир Путин-президенти Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти Путин дар ҳоли ҳозир ин соҳа “пурра бо санадҳои ҳуқуқӣ, воситаҳои иқтисодӣ ва ташкилотӣ таъмин нест”

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Барои мутобиқгардонии фарҳангӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони Русия бояд хадамоти федеролии махсус ташкил карда шавад, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин.

"Бояд ба рушди қонунгузорӣ оид ба сиёсати миллии давлатӣ аз ҷумла, мутобиқгардонии фарҳангии муҳоҷирон,  диққати махсус равона карда шавад. Дар ҳоли ҳозир ин соҳа пурра бо санадҳои  ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилотӣ таъмин нест",-қайд кард ӯ.

Путин таъкид кард, ки бояд хадамоти махсуси федеролӣ рушди ин соҳаро ба уҳда гирад.

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

"Дар ин соҳа мутахассисони кордон лозиманд. Ман аллакай дар ин бора гуфтам: дар рафти ҳалли он бояд фаъолияти мутахассисони кордон, бо муҳоҷироне, ки ба  Русия  барои кор ва зиндагӣ меоянд, ба инобат гирифта шавад",-гуфт Путин.

Ҳамчунин президент аҳамияти бузурги ташкилотҳои ғайридавлатиро, дар соҳаи муносибатҳои байналмиллалӣ зикр кард.

"Боз як мавзӯи муҳими дигар-ин дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатие, ки фаъолияти  онҳо ба ташкили муносибатҳои байналмиллалӣ, нигоҳдорию ҳифзи фарҳанг, анъанаҳо ва забонҳои халқҳои гуногуни Русия ва мутобиқгардонии иҷтимоии муҳоҷирон равона гардидааст, мебошад. Хизматрасониҳое, ки  аз ҷониби онҳо пешниҳод карда мешаванд, то ҳол ба рӯйхати корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ дохил нашудаанд, аз ин рӯ онҳо бо афзалиятҳое, ки ташкилотҳои иҷтимоӣ доранд, таъмин нестанд. Ва ин метавонад як омили маҳдудияти имкониятҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ бошад",-илова кард Путин.

Лентаи хабарҳо
0