ВКД Русия дар Тоҷикистон сабаби ҷамъшавии мардумро шарҳ дод

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкНавбат. Акс аз богйонӣ
Навбат. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анбӯҳи зиёди мардум дар назди бинои ВКД Русия дар Тоҷикистон бо он сабаб аст, ки хадамот танҳо рӯзи 12-уми январ ба додани талон шурӯъ кард

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикисттон танҳо санаи 12-уми январ ба номнависӣ барои машварат оиди кӯчонидани ҳамватанон ба Русия дарҳои худро боз кард.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар ин рӯз дар назди бинои ВКД Русия дар Тоҷикистон амвоҷи бузурги одамон ҷамъ шуданд, ки  ин корбарони шабакаҳои интернетиро дар ҳайрат  гузошт. Чуноне роҳбари ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич оид ба муҳоҷират дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, нафароне, ки хоҳиши иштирок дар барномаи кӯчиданро доранд, тасмим гирифтанд ҳама ҳамин рӯз биёянд.

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

"Аз рӯзи қаблӣ дида, дирӯз шумораи навбатистодагон зиёдтар буд. Вале дирӯз мардум бо як тартиби муайян ва ҳар кас дар навбати худ қарор дошт. Бояд дарк кард, ки имкониятҳои мо маҳдуд аст. Соли гузашта  зиёда аз 14 ҳазор нафар дар барнома иштирок кард",-изҳор дошт Владислав Маркевич.

Ӯ ёдовар шуд, ки  хизматрасонии мазкур ройгон буда, агар нафаре барои гирифтани талон ба касе кӯмак ваъда карда бошад, ӯ фиребгар аст.

Дар баробари ин номнависӣ барои машварат амалиёти наонқадар дароз аст. Аз ҷумла ду рӯз пеш наздики 300 нафар номнавис шуданд, дирӯз бошад-400 кас. Муҳимтараш марҳилаи дуюм аст, замоне, ки хоҳишмандон бо ҳуҷҷатҳо меоянд. Масалан, шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷат оид ба таҳсилот ва ғайраҳо.

Дар марҳилаи дуюм, зимни қабули ҳуҷҷатҳо маълум мешвад,ки ин одам ҳуқуқи иштирок дар барномаи кӯчидан ба Русияро дорад ё на.

"Мутассифона аксарият намедонанд, ки ин барнома чист. Танҳо 15 фисади аризадиҳандагон ҳуқуқи иштирок дар барномаро пайдо мекунанд. Дигарон танҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандии Русия бо мақсади кору фаъолияти озод дар манотиқи кишвар иштирок мекунанд, ки ин ба шартҳои барнома рост намеояд",-гуфт роҳбари намояндагӣ.

Бояд қайд кард, ки намояндагии ВКД Русия дар Душанбе панҷ рӯз дар як ҳафта фаъол аст. Аз соати 9.00 то 13. 00 дар рӯзҳои корӣ мардум метавонанд барои номнависӣ ба ташкилот муроҷиат кунанд. Барои воҳима нашудан, қабл аз муроҷиат бояд қонуни федералӣ оиди шартҳои қабули ҳамватанро омӯхт.

"Ин барномаи кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ нест. Тавассути барнома дар навбати аввал танҳо шаҳрвандоне ба Русия кӯчонида мешаванд, ки худ шаҳрванди Русия буда, дар мамолики хориҷ ба сар мебаранд, шаҳрвандоне, ки миллаташон рус аст (русҳо, тоторҳо, осетинҳо ва дигарон); сеюм шаҳрвандони собиқ ИҶШС, ки қаблан шаҳрвандии ИҶШС-ро дошта, баъд шаҳрвандии мамлакатеро, ки акнун двр он ҷо зиндагӣ мекунанд, гирифтаанд, Вале ҳамаи онҳо бояд худро чун нигоҳдорандаи забони русӣ в фарҳангу анаъанаҳои мардуми рус муаррифӣ намоянд".

Муҳоҷирони меҳнатӣ машғули кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Карелия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

"Ба сифати чунин иштирокчиён метавонад, маслан кормандони фарҳанг, муаллимоне, ки забони русиро дарс медиҳанд, журналистон ва намояндагони дигар касбу кор бошанд. Муҳимаш ин ки онҳо бояд худро чун нигоҳдорандаи фарҳанги Русия муаррифӣ карда тавонанд",-қайд кард Владислав Маркевич.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз навбати беохир дар назди бинои ВКД Русия дар Тоҷикистон шикоят карданд.

Вале Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки анбӯҳи зиёди мардум ба хотири кӯч бастан ба Русия дар назди бино ҷамъ шудааст.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки расман 61 минтақаи Федератсияи Русия хостори қабули ҳамватанон аз Тоҷикистон мебошанд. Дар Русия барои ҳамватанон махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқ ҷои кор зиёд аст.

Лентаи хабарҳо
0