17:51 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
фурӯши симкорт, акс аз бойгонӣ

ВАО: муҳоҷирони симкортфурӯшро мехоҳанд аз Русия депорт кунанд

© Sputnik / Петр Чернов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Бо фурӯши ғайриқонунии симкортҳо мехоҳанд ба воситаи ҷарима аз 2 то 200 ҳазор рубл, ҳабси маъмурӣ то 15 рӯз ва хориҷкунӣ аз Русия мубориза баранд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. ВКД  Русия якҷоя бо операторҳои мобилӣ мехоҳад лоиҳаи қонун  дар бораи мубориза бо фурӯши ғайриқонунии симкортҳоро омода намояд, хабар медиҳад маҷаллаи "Коммерсант".

Пешниҳодкунанадагони лоиҳа мехоҳанд фурӯшандагони ғайриқонунии симкортҳо то 200 ҳазор рубл ҷарима карда шаванд, муҳоҷирон бошанд умуман аз кишвар хориҷ карда шаванд.

Ҳамин тавр, шахсони воқеӣ ҷаримаро бо маблағи аз 2 то 5 ҳазор рубл месупоранд, шахсони ҳуқуқӣ бошанд — аз 100 ҳазор рубл то 200 ҳазор рубл.

"Ба нақша гирифта шудааст, ки мувофиқи лоиҳаи қонун шаҳрвандони хориҷӣ барои фурӯши ғайриқонунии симкорт аз 50ҳазор рубл то 60 ҳазор рубл бо мусодтраи симкортҳо ситонида шавад, ҳамчунин 15 рӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуда, аз кишвар хориҷ карда шаванд",- қайд карда мешавад дар ҳуҷҷат.

Барчаспҳо:
ҷарима, депорт, фурӯши ғайриқонунӣ, симкорт, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ