06:39 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Корманди БДА ва ронанда

Оё дар Русия минбаъд муҳоҷирон мошин ронда наметавонанд?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
506 0 0

Аз аввали тобистони соли 2017 муҳоҷирон танҳо ба воситаи шаҳодатномаи ронандагии Русия метавонанд дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ кор кунанд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik, Марина Чернышова-Мельник. Мусофирон ҳамарӯза дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ- таксӣ, автобус, маршруткаҳо бо ронандагони тоҷику ӯзбек дучор мешаванд.

Барои мӯҳоҷирон кор кардан дар нақлиёти ҷамъиятӣ як намуди воситаи кортаъминшавӣ ба ҳисоб меравад. Барои кордиҳандагон бошад- интихоби васеъ аз доираи корҷӯён аст.

Мувофиқи қавонини Русия таркиби коргарони нақлиётҳои ҷамъиятӣ метавонад  40 фисадро ташкил диҳад. Дар амал ҳам чунин аст, қариб ҳар як ронандаи саввум — муҳоҷирест, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷустуҷӯйи кор омадааст.

Аммо  вазъяият шояд тағийр ёбад: тағийроти Қонуни федералии № 92 "Дар бораи бехатарии ҳаракати нақлиётӣ", ки аз соли 2013 инҷониб ба таъхир гузошта мешуд, ҳукми қонунӣ мегирад. Мувофиқи қонунгузориҳои тоза ронандагони хориҷӣ- муҳоҷирон аз 1-уми июни соли 2017 сар карда, танҳо ба воситаи шаҳодатномаи ронандагии русӣ, ки дар Русия ба даст овардаанд, метавонанд фаъолият кунанд.

Шаҳодатномаи ронандагие, ки ҳоло ба воситаи он кор мекунанд ва аз кишварҳои худ ба даст овардаанд, дигар дар ҳудуди ФР кор намекунад. Ҳотто шаҳодатномаи ронандагии байнамиллалӣ низ бекор мешавад. Кордиҳандагоне, ки дар ин ҷода қонуншиканӣ мекунанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Ин ҷо як масъали дигар ҳам ҳаст- то кадом дараҷа ронандагони нақлиёти ҷамъитӣ ба зуддӣ метавонанд ин ҳуҷҷати русиро ба даст оранд? Агар дар як ширкат якчанд шаҳвранди хориҷӣ кор кунад чӣ? Барои ҳамин БДА ВКД Русия аз ҳозир тоҷирони соҳаи нақлиётиро ҳушдор мекунад.

Вобаста ба навигариҳои ҷоришаванда Sputnik тасмим гирифт, ки дар бораи муҳоҷирон- ронандагон тадқиқот барад.

Омор

Ҳоло дар Русия шумораи ронандагони муҳоҷир ба чанд расида бошад?  Ба ин савол, ҳатто тақрибан ҷавоб ёфтан мушкил аст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Русия, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия ва аз Хадамоти федералии омори давлатӣ, ки вобаста ба ин мавзӯъ дархост фиристода шуда буд, ягон ҷавоби аниқ дода натавонистанд.

Намояндагони ин идораҳои давлатӣ хабар доданд, ки онҳо барои муҳоҷирон аз Осиёи Миёна, ки дар воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, омори махсус тартиб надодаанд.

Мувофиуқи ахбори ВКД Русия шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар воситаи нақлиётии Русия кор мекунанд 40 661 нафарро ташкил мекунад:

Маскав- 9955 нафар

Санкт-Петербург- 4551 нафар

Вилояти Ленинград- 4551 нафар

Вилояти Нижегород-3647 нафар

Маълумоти пешниҳодгардида тамоми муҳоҷиронро аз Белорусия, Украина, Молдова ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дарбар мегирад.

Муҳоҷирон ба ширкатҳо  манфиатоваранд

Аз як тараф нигоҳ кунем ба кор гирифтани шаҳрванди хориҷӣ ба ширкатҳо на он қадар қулай аст.  Зеро барои ҳар яки онҳо патент ба тартиб даровардан лозим, андози зиёдтар месупоранд, ҷарима барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ супоридан лозим ва ғайраҳо.

Баробари ин муҳоҷирон- ронандагон дар ширкатҳо ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.

Пеш аз ҳама ширкатҳо аз хислатҳои шахсии коргарони хориҷӣ розиянд. Масъалан роҳбари хадамоти таксии "Престиж"-и Маскав Ойгул Мередова мегӯяд, ки коргарони хориҷӣ масъулиятнок ва итоакори қонун мебошанд. "Онҳо ҳамавақт дархостро ба таври хуб иҷро мекунанд ва мизоҷонро ҳурмат мекунанд".

"Сифати кор аз худи коргар вобаста аст, на аз минтақае, ки аз он ҷо ронанада омадаст. Мо ба ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз шаҳрвандии онҳо ҷойи кор пешкаш мекунем",- мегӯяд муовини деректори генералии ҶСК "Группа Автолайн" Олег Савалев.

Ба болои ин агар ронанда роҳро  донад, хусусан дар шаҳрҳои калон ба монанди Маскав, ӯро новабаста аз он, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ё Ӯзбакистон ба кор мегиранд.

Ғайр аз ин таксистон метвонанд бо ширкатҳо шартнома баста ба кор дароянд. Барои ин иҷозатномаи ронандагӣ бояд ба тартиб овард.

Пӯшида нест, ки дар Русия ронандагони дорои  дараҷаи "Д"  камёфт аст, аз ҳамин рӯ ширкатҳо аз қувваи кории беруна истифода мебаранд.

Чӣ гуна  ба кор даромад

Барои ба кор таъмин шудан ба ҳайси ронанда бояд шаҳрванди хориҷӣ шиноснома, патент, бими тиббӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ бо дараҷаи мувофиқ дошта боншад.

Ҳоло дар моддаи 25 Қонун "Дар бораи бехатарии ҳаракати нақлиёт" гуфта мешавад, ки шаҳодатномаи ронандангии кишвари хориҷ дар Русия амал мекунад.

Аммо баъд аз чор моҳ ин қонун дигар амалӣ намешавад.  Акнун ронандагони хориҷӣ имтиҳон супорида,  соҳиби шаҳодатнома мешаванд.

Баъд аз тағийрот

Коршиносон ва иштирокдорони бозори  нақлиёт ба ин навгонӣ гуногун муносибат мекунанд. Баъзе мегӯянд, ки ин қонуни нав ҳаракати нақлиётро бехатар мекунад.

"Муҳоҷирон, ки дар шаҳрҳои хурд шаҳодатнома гирифтаанд, дар шаҳрҳои калон бехатар нестанд.  Ба мисле ки дар шаҳр хонда шаҳодатнома гирифтаанд ё дар қишлоқ",- мегӯяд муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии "Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи ронандагон" Александр Холодов.

Барои кордиҳандагон бошад, баробари ворид шудани ин қонун шумораи зиёди коргаронашон меравад, ва барои пур кардани ҷойи онҳо вақти зиёд лозим аст.

Баробари ин кам кардани қувваи коргарони хориҷӣ дар воситаи нақлиёт барои шаҳрҳои калон зарари калон меорад, мегӯяд раиси  "Ассоциации перевозчиков пассажиров" Василий Киселев.

Дар як вақт муҳоҷирон ба хотири гирифтани шаҳодатномаи ронандагии русӣ буҷаи мактабҳои ронандагиро бой мекунанд.

Интизор меравад, муҳоҷироне, ки барои гирифтани шаҳодатнома ё курси омӯзишии мактаби ронандагӣ пул надоранд, шояд бекор монанд.  Баъзеашон соҳаи корашонро дигар мекунанд, баъзеашон ғайриқонунӣ ба "такси" машғул мешаванд,  бархеашон ба ватан бар гарданд.

Дигар муҳоҷироне,  ки мехоҳанд дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ корашонро давом диҳанд, чор моҳ вақт доранд, то ин ҳуҷҷати лозимаро ба даст оваранд ва фаъолияти худро давом диҳанд.

Мавзуъ

Барои танҳо намондани муҳоҷирон дар Русия, қонун қабул мешавад
Коршинос: маорифи ФР бояд ба фарзандони муҳоҷирон кӯмак кунад
“Сахаровода биё”: барои муҳоҷирони Маскав хатсайри нав кушода шуд
ВАО: муҳоҷирони симкортфурӯшро мехоҳанд аз Русия депорт кунанд
Барчаспҳо:
шаҳодатномаи ронандагӣ, қонун, муҳоҷират, нақлиёт, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ