02:07 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Муҳоҷирони меҳнатӣ, акс аз бойгонӣ

Президент: қонуни нав ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ҳифз мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
40811

Ташаббуси ВКД Русия оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва иҷрокунанда ба хотири кӯмак ба муҳоҷирон равон карда шудааст ва ҳуқуқи онҳоро мудофиа мекунад, мегӯяд президенти Федеретсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Вазорати корҳои дохилии Русия пешиниҳод мекунад, ки муҳоҷирони меҳнатии бидуни шартномаи меҳнатӣ фаъолияткунанда ҷарима карда шаванд ва аз кишвар хориҷ карда шаванд.

Ғайр аз ин кордиҳандагоне, ки бе шартномаи меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, ҷарима баста мешаванд.

Ба гуфтаи президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов ин ташаббус ба хотири ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ аз истибдоди кордиҳандагон санҷида шудааст.

"Дар яке аз ширкатҳо- пудратчӣ дар метрополитени Маскав 600 нафар қариб як сол мешавад, ки музди меҳнати худро нагирифтаанд. Аввал аз мошашон боздошт мекарданд, баъдтар умуман дигар маош надоданд",- мегӯяд Коженов.

Аммо иҷрои ғайриқонунии ин лоиҳа презиленти Федератсия муҳоҷирони Русияро нигарон  кардааст.

"Пешниҳоди хуб аст, аммо дар вақти иҷрои ин қонун бояд кормандони полис онро ҳамчун воситаи таъқиботи муҳоҷирон истифода набаранд",- андеша дорад Вадим Коженов.

Ғайр аз ин қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандони аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбакистонро баробар мекунад. Зеро, аз кордиҳандагон бо таҳдиди ҷарима талаб мекунад, ки ба коргарони худ новобаста аз шаҳрвандии онҳо, шартномаи меҳнатӣ тартиб диҳад.

Барчаспҳо:
шартномаи меҳнатӣ, муҳоҷират, қонун, Тоҷикистон- Русия

Мавзӯъҳои асосӣ