Патрушев: натавонистем муҳоҷирати ғайриқонуниро коҳиш диҳем

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҳол сатҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ коҳиш дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 7 авг— Sputnik. Раиси Шӯрои амнияти Федератсия Русия Николай Патрушев гуфт, ки то ҳол даст надодааст, то сатҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ коҳиш дода шавад.

Вай рӯзи душанбе ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае оид ба амнияти миллӣ дар Ёқутистон гуфтааст, ки ин замон барои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия шароит фароҳам оварда шуда, шароити дарёфти кор содда гардонида шудааст.

"Вале то ҳол паст кардани сатҳи муҳоҷиртаи ғайриқонунӣ, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад ва майдони рушди теруризм, ҷинояткории фаромарзӣ мебошад, даст надодааст", гуфт Патрушев.

Дмитрий Попов, руководитель Уральского информационно-аналитического центра РИСИ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт

Ӯ қайд кард, ки миқёси истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои қайд дар ҷои истиқомат аз ҷониби муҳоҷирон ташвишовар аст.

Тоҷикистон ягона кишвари Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд аст, ки муҳоҷиронаш дар авоили соли 2017 бештар аз дигарон ба Русия сафар кардаанд.

Бино ба иттилоъи рӯзномаи "Ведомости" дар кулл муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Бар асоси пажӯҳиши Фарҳангистони улуми Русия шумораи муҳоҷирони қонунӣ дар авоили соли 2017 нисбат ба авоили соли 2016 то 26,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистону Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ кам шудааст ва дар сатҳи солҳои 2012-2013 қарор дорад.

Аммо Тоҷикистон ҳамчунон дар муҳоҷират пешсаф аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 нисбат ба порсол муҳоҷират бештар шудааст. Чунончи, агар дар шаш моҳи аввали соли 2016 ба Русия 5,6 ҳазор кас омада бошад, имсол 6,3 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба Русия сафар кардааст.

Коршиносон далоили аслии коҳиши муҳоҷират ба Русияро шадидтар шудани қавонини муҳоҷиратӣ, коҳиши музди кору даромадҳо медонанд. Вале ин далелҳо пеши роҳ муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро намегиранд.

Лентаи хабарҳо
0