05:58 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Гумонбаршуда як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон аст, ки дар Маскав ҷойи муайяни истиқоматӣ надоштааст. Пулҳои дуздидашуда мусодира гардидаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Маскав кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздӣ аз масҷиди ҷомеъ боздошт карданд. Дар ин бора оҷонсии "Москва" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар дуздии маблағ гумонбар дониста мешавад.

Дар бораи гум шудани маблағ ба милиса корманди бунгоҳи нигаҳбонии хусусӣ муроҷиат кардааст.

Дар ариза гуфта мешавад, ки дар дар масҷиди ҷомеи Маскав марде бо роҳи пинҳонӣ наздики 10 ҳазор рублро дуздида, кӯшиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса пинҳон шавад, аммо кормандони бунгоҳи нигаҳбонӣ вайро дастгир карданд.

Гумонбаршуда- як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон будаст, ки дар Маскав ҷойи муайяни истиқоматӣ надоштааст. Пулҳои дуздидашуда мусодира гаштаанд.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ боз гардидаст.

Барчаспҳо:
дуздӣ, гумонбарон, муҳоҷир, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ