06:25 18 феврали 2018
Пахши мустақим
Мущоыирони тоыик дар роҳ, акс аз бойгонӣ

Интиқоли пулии муҳоҷирон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Марина Маковецкая
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар хориҷ дар зарфи 9 моҳи охир 19 дарсад афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Интиқоли пулии муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст. дар ин бора раиси Кумитаи молия ва иқтисод дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Вай гуфт, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон нисбати ба соли гузашта 18 дарсад афзудааст.
Вай афзуд, интиқоли пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз хориҷа дар 9 моҳи соли гузшта 1 миллиарду 400 миллион доллар буд. Имсол бошад, ин нишондод ба 1 миллиарду 700 миллион расидааст.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, афзоиши интқоли маблағ аз ҷониби муҳлҷирон ба Тоҷикистон бо рушди иқтисод дар Русия бастагӣ дорад.

Дар соли 2016 муҳҷирон ҳамагӣ ба Ватан 1 миллиарду 432 миллион дулори амрико маблағ равон кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои гузашта пасттарин буд. Коршиносон коҳишёбии интиқоли пулии муҳовҷиронро ба Тоҷикистон ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ рабт дода буданд.

Пештар хабар дода шуд, ки арзиши патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав гарон шуд.

Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае, ки 25 октябр баргузор шуд, тарҳи афзоиши 7-дарсадии арзиши патентро тасвиб кард. Аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муваҷҷизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳона 4 500 рубл пардохт кунанд.
Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.

Барчаспҳо:
интиқоли пулӣ, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Амир Урунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 (Аргентин) интихоб гардид

    Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ Амир Урунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 (Аргентин) интихоб гардид ва ӯ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард

    1623
  • Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода

    Вазир гуфт, самараи фаъолияти кормандони ВУД сол то сол беҳтар гардида, саҳми онҳо дар иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматии хеш, пешгирӣ, ошкор ва мубориза ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бештар аст

    87
  • Дарвеши муаллақ, акс аз бойгонӣ

    Акнун дар кӯчаҳои Бухоро гардишгаронро як тамошои дигар интизор аст - "дарвеши муаллақ". Кумитаи гардишгарии Узбакистон расман иҷоза додааст, ки дарвеш ба сайёҳон ҳунари худро нишон диҳад

    166