Муҳоҷир: дигар пуле барои хариди нону об надорем

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз қатори Маскав-Душанбе дар марзи Қазоқистону Русия берун карда шуданд

ДУШАНБЕ, 8 ноя— Sputnik, Фотима Яҳёева. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қазияи боздошти муҳоҷирони тоҷикро шарҳ дод.

"Дар воқеъ аз рӯзи 2 то 6 ноябри соли 2017 беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ба далели нақзи қонуни Русия (мӯҳлати иҷозатномаҳои бархе аз муҳоҷирон гузашта буд) аз қатор берун карда шуданд. Тибқи қарори додгоҳ ин нафарон аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешавад ва дар баробари ин ҷарима мешаванд", — гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон намояндаи сафорат.

Ба гуфти ӯ сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ВУХ ин кишвар ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ҳал кардани ин мушкилот нома равон карда буд.

"Вазъият дар воқеъ бад аст. Аксари муҳоҷирон дар кӯчаҳо шабро рӯз мекунанд. Мӯҳлати ҳуҷҷати бозгашти бархе аллакай пур шуда истодааст. Созмони тоҷикони маҳаллӣ ба муҳоҷирон кӯмак мекунанд", — илова карда манбаъ.

Поезд Москва-Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарҳадбонони рус зиёда аз 100 муҳоҷири тоҷикро аз қатор берун карданд

Ҳамчунин дар намояндагии Тоҷикистон қайд карданд, ки чанде пеш корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагони Вазорати кор ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои кӯмак ба муҳоҷирон ба Аксарай раҳсипор шуданд.

Хешовандони муҳоҷирони дастгиршуда аз аҳволи онҳо ва мушкилоташон ба таҳлука афтодаанд.

"Бародари ман, миёни боздоштшудаҳо аст. Ӯ то ҳол бар нагаштааст. Баҷоғашро мо аллакай рӯзи 5 ноябр гирифтем. Мо бо телефон бо ӯ суҳбат кардем, ӯ гуфта буд, ки шумораи боздошташудаҳо на 115 кас, чуноне расонаҳо хабар медиҳанд, балки бештар аст. Ба гуфти ӯ то расидани онҳо 150 муҳоҷир аллакай аз қатор берун карда шуда буданд", — нақл кард дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хоҳари муҳоҷири дастгиршуда.

Ба гуфти мусоҳиб дар дасти бародараш ва дигар муҳоҷирон санади бозгашт ба Ватан аст. Ин ҳуҷҷат шиносномаи муваққатӣ буда, то бозгашт ба Тоҷикистон амал мекунад. Санади бозгашт дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ба мӯҳлати на бештар аз 60 рӯз дода мешавад.

"Бародарам гуфт, ки мӯҳлати санади бозгашташ пас аз чанд рӯз ба итмом мерасад. Пас аз итмоми мӯҳлат ӯро шаш моҳ аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард. Вале ӯ на ба гуноҳи худ ба чунин ҳолат гирифтор шуд, ӯ ҳам санади бозгашт дошту ҳам чипта", — шикоят мекунад ӯ.

Трудовые мигранты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи ВУХ Русия барои озод кардани муҳоҷирони тоҷики дастгиршуда

Ӯ мегӯяд, ки дар ин муддати кӯтоҳ бародараш ду маротиба чипта харидаву чандин борҳо бозпурсӣ шудаасту дар маҳкамаи муваққатӣ нигоҳ дошта шуда, ҳамчунин шабҳоро дар истгоҳ рӯз кардааст.

"Вазъияти дигарон ҳам чунин аст. Ба гуфти бародарам мардум дар итгҳоҳҳо ва харакҳо шабро рӯз мекунанд. Миёни боздоштшудагон ҳам пиронсолон, ҳам занон ва кӯдакон ҳам ҳастанд. Муҳоҷирон дигар пуле барои хариди нону об надоранд. Бародарам ду бор чипта хариду ду бор қатораш бе ӯ рафт. Эҳтимол аст, ки пас аз итмоми мӯҳлати санади бозгашташ ӯро ба маҳкама кашанд", — нақл мекунад хоҷари муҳоҷири дастгиршуда.

Пештар хабар дода шуд, ВУХ Русия ваъда додааст, ки ба наздикӣ муҳоҷирони тоҷикро озод хоҳад кард.

Дар истгоҳи "Аксарайская", дар сарҳади Русияву Қазоқистон беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буданд, аз ҷониби сарҳадбонони рус боздошт шуданд.

Чуноне аз сафорат хабар доданд, беш аз 115 муҳоҷири тоҷик дар ин истгоҳ аз қатор берун карда шудааст.

"Замоне, ки мо аз ин қазия огоҳ шудем, даррав дар паи фаҳмидани далели берун кардани муҳоҷирони тоҷик шудем", — гуфт намояндаи сафорат.

Лентаи хабарҳо
0