12:04 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Поимка преступников, архивное фото.

Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург барои дуздӣ дастгир шудаанд

© Sputnik / Андрей Архипов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми дуздиву ғоратгарӣ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ин муҳоҷирон муттаҳам ба ғорати бунгоҳи ҷамъоварии оҳанпора ва 10 маврид ҳамла ба коргарони сохтмон ва ғорати корафзорҳои сохтмонсозӣ шудаанд.

"Ин гурӯҳ 13 ноябр ба бунгоҳи ҷамъоварии оҳанпора ҳамла карда ва говсандуқ ё сейфашро бо 460 ҳазор рубл дуздидааст", — гузориш медиҳад расонаи петербургии "Фонтанка".

Саркардаи ин гурӯҳи ғоратгар як чечении 30-сола будааст. Муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҷавононе аз 19 то 26-сола ҳастанд.

Чанде пеш дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург "Пулково" ҳам муҳоҷиреро ба ҷурми дуздӣ боздошт карда буданд.

Ин муҳоҷири 20-соларо азбоздоштгоҳ ба фурудгоҳ оварда буданд то ба кишвараш ихроҷ кунанд. Вале ӯ ҳангоми гузаштан аз утоқи бозрасӣ анбонеро, ки соҳибаш ҷо гузошта буд, бардоштаву бурдааст. Ӯро дар ҳамон утоқ дастгир кардаву дубора боздоштгоҳ бурдаанд.  

Мавзуъ

Дар Тоҷикистон даст ба дуздӣ задани якчанд наврас ошкор шуд
Мазҳакаи занон: дар бозор занеро ба гумони дуздӣ луч ва латукӯб карданд (НАВОР)
Боздошти як тоҷик дар Маскав ба иттиҳоми дуздӣ аз масҷид
Дуздӣ дар консулгарии Тоҷикистон дар Маскав
ВУД: ду зан севум бор муттаҳам ба дуздӣ мешаванд
Барчаспҳо:
боздошт, дуздиву ғоратгарӣ, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ