16:00 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Полиси Маскав

Задухӯрди гурӯҳии тоҷикону узбакон дар Маскав: 12 тан боздошт шуданд

© Sputnik / Валерий Мельников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Пас аз ҷанҷол дар қаҳвахонае дар хиёбони Севастополи шаҳри Маскав 12 муҳоҷир боздошт шудаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пас аз ҷанҷоли гурӯҳии тоҷикону узбакон дар яке аз қаҳвахонаҳо 12 тан боздошт шудаанд. Дар натиҷаи ин задухӯрд , ду тан ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд, хабар додааст Сарраёсати ВУД Русия дар Маскав.

"Сездаҳуми декабр, соати 01:43 ба пулис дар бораи задухӯрд дар ҷанубу ғарбии Маскав хабар доданд. Кормандони пулис ҳангоми расидан ба ҷойи ҳодиса муайян карданд, ки ҷанҷол дар паййи баҳси маишӣ сар задааст. Барои баррасии ин қазия 12 тан ба шуъбаи пулис оварда шудаанд".- гуфтааст ҳамсӯҳбвати РИА Новости.

Бино бар иттилои расонаҳо, боздоштшудагон зодагони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.

Тавре манбаъ афзудааст, дар натиҷаи ин ҷанҷол ду тан ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо пас аз гирифтани ёрии тиббӣ ба хона ҷавоб дода шудааст.

Барчаспҳо:
боздошт, муҳоҷир, кормандони полис, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ