18:41 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Владимир Брутер коршиноси Донишкадаи байнулмилалии таҳқиқоти гуманитарию сиёсӣ аз таҳдиди сели муҳоҷират ба кишварҳои Урупо гуфт

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба гуфти коршиноси Донишкадаи байнулмилалии таҳқиқоти гуманитарию сиёсӣ Владимир Брутер, таҷриба нишон медиҳад, ки масъалаи қабули паноҳҷӯён ҳатто дар чунин кишвари пешқадами Урупо чун Олмон мушкилот ба бор овардааст.

"Ин барои ҳамаи кишварҳои Урупо бисёр муҳим аст. Коргарони бе маълумот-муҳаррики иқтисоди якҷоя ҳастанд. Ин гурӯҳест, ки  мешавад музди ночизе барояшон пардохт карду онҳо  ба ҳама чиз омода хоҳанд буд. Ва мушкилот ҳам ҳамин аст, ки муҳоҷирон аз кишваҳои Африқо ва Ховари Миёна ба ҳамаи чиз омода нестанд ва умуман барои кор кардан омода нестанд", — гуфт Владимир Брутер дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Брутер: мигранты для Европы стали головной болью

Тибқи таҳлилҳое, ки аз ҷониби маркази таҳқиқотии Pew Research, гузаронида шудааст, агар айни ҳол сели муҳоҷирони мусулмон дар Урупо дар сатҳи "миёна" бошад,  то соли 2050-11 дарсади аҳолии Урупоро ташкил хоҳад кард.

Дар сурати рушди муҳоҷират дар Урупо пас аз 32 сол шведҳо 30 дарсад, олмониҳо ва австриягиҳо 20 дарсад, фаронсавиҳо 18 дарсад ва 17,2 дарсади бритониҳо мемонанд.

Имрӯз муҳоҷирони мусулмон 5 дарсади аҳолии умумии Урупо (28 кишвар ва Норвегияю Швейтсария)-ро ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Владимир Брутер, Урупо

Мавзӯъҳои асосӣ