15:41 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Комитет по экономическому развитию РОО НУР объявляет об открытии школы бизнеса

Дар Маскав барои муҳоҷирони тоҷик омӯзишгоҳи бизнес роҳандозӣ шуд

НУР
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
31210

Созмони "Нур" дар Маскав омӯзишгоҳе роҳандозӣ кард, ки дар он коршиносони рус ва корофаринони тоҷик муҳоҷиронро касбу кор ёд медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кумитаи пешрафти иқтисодии созмони “Нур” дар Маскав Омӯзишгоҳи касбу кор роҳандозӣ карда, ки дар он донишҷӯёну донишомӯхтагон, коршиносону бозаргонҳои тозакор аз шумори муҳоҷирон роҳу равишҳои корофаринӣ ва коркушоиро ёд мегиранд.

Ба гузориши равобити умумии созмони муҳоҷиратии “Нур”, дар ин омӯзишгоҳ коршиносони рус ва муҳоҷироне, ки дар касбу коре комёб шудаанд, таҷрубаашонро ба муҳоҷирон ёд медиҳанд.

Дарсҳо дар ин омӯзишгоҳ ба давраҳои семоҳа тақсим шудаанд ва нахустин давра, ки 60 коромӯзро фаро гирифтааст, то Наврӯз идома хоҳад ёфт. Дувумин давра аз 26 март то 23 май баргузор хоҳад шуд.

  • Курсы по бизнесу РОО НУР
    Курсы по бизнесу РОО "НУР"
    РОО "НУР"
  • Курсы по бизнесу РОО НУР
    Курсы по бизнесу РОО "НУР"
    РОО "НУР"
  • Курсы по бизнесу РОО НУР
    Курсы по бизнесу РОО "НУР"
    РОО "НУР"
1 / 3
РОО "НУР"
Курсы по бизнесу РОО "НУР"

Созмони “Нур” ҳамчунин барои фарзандони муҳоҷирон низ барномаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ роҳандозӣ кардааст. Чунончи, Кумитаи омӯзишу парвариши “Нур” ҳамроҳ бо Мадрасаи русии шатранҷ Омӯзишгоҳи шатранҷро ташкил кардааст, ки дар моҳи феврал Дувумин мусобиқаи байналмилалии шатранҷро бо ширкати беш аз 80 шаҳмотбоз аз чандин кишвар баргузор мекунад.

Ҳамчунин дар моҳи март дувумин олимпиади донишомӯзони синфҳои 5 – 11 дар риштаҳои мактабӣ баргузор хоҳад шуд. дар нахустин олимпиаде, ки дар моҳи октябри соли 2017 баргузор шуда буд, беш аз 270 донишомӯз аз фарзандони муҳоҷирон ширкат карда буданд. Ҳашт кас аз барандагони ин олимпиада бо ёриву пуштибонии молии шаҳрдории Маскав 26 рӯз дар урдугоҳи “Артек” тафреҳ карда буданд.

Мавзуъ

Ситоиши Коженов аз фаъолияти созмонҳои "Нур" ва "Помир" дар Русия
Олимпиада дар Маскав: созмони "Нур" дониши фарзандони муҳоҷиронро месанҷад
Барчаспҳо:
Омӯзишгоҳи касбу кор, Созмони "Нур", Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ