02:08 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нур Хабиб Свати, председатель Сватской национальной организации (Пакистан)

Тоҷикҳои Покистон ҳувияти тоҷикии худро боз меёбанд

© Фарид Ахмади
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
58960

Созмони мардуми Свот – қавме дар Покистон, талош дорад ҳувияти тоҷикии свотиёнро расмӣ гардонад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. “Свотӣ Қавм Танзим” ё Созмони мардуми Свот кӯшишу талош дорад номи “тоҷик”-ро ба асноду омор ва феҳристи ақвоми Покистон баргардонад. Свотиён – тоҷикони бумии Покистон дар санадҳои расмии он кишвар чун “паштун” шиносоӣ шудаанд.

Раҳбари “Свотӣ Қавм Танзим” Нур Ҳабиб Свотӣ дар мусоҳиба бо родюи “Осиёи Миёна” гуфтааст, ки ин созмони мардумниҳод кӯшиш дорад ҳувияти миллии тоҷикони Свотро боз оварад ва расмӣ кунад.

“Свотиён дар радабандиҳои қавмӣ ва асноду омори расмии Покистон “паштун” сабт мешаванд, ки ситами торихӣ аст ва қобили қабул нест. Тоҷикони Свот торих, одобу ойин, шеваи зиндагии худро доранд ва дар баробари тоҷикони Афғонистону Эрону Узбакистон ва Тоҷикистон худро вориси фарҳанги эронӣ мешуморанд”, — гуфтааст Нур Ҳабиб Свотӣ.

Тоҷикони бумии Покистон даҳсолҳо боз барои бозёбии ҳувияти гумшудаи худ мубориза мебаранд. Дар паи ин кӯшишу талошҳо Ҳоҷӣ Заррин Свотӣ ва Ширин Хон Свотӣ, ду бузурги қавми тоҷикони Свот, соли 1986 Созмони ҳифзи ҳуқуқи свотиёнро ташкил карда буданд, аммо пешрафте дар ин мубориза надошт.

Порсол маҷаллаи инглисизабони покистонии “The Friday times” “Тоҷикони гумшудаи Покистон” ном матлаби Ориф Ҳасан Охундзода, пажӯҳишгари тоҷики покистониро мунташир кард, ки дигарбора тоҷикони Свотро ба таҳрик овард.

Бино ба ин навишта, Подшоҳии Габр ё Салтанати Свот, ки ҳокимонаш тоҷик буданд, дар паи лашкаркашии Бобури темурӣ ба Ҳинд нобуд шуд. Бобур барои даст ёфтан ба тахти Ҳинд аз пуштунҳои юсуфзойӣ кумак хост ва онҳо дар навбати худ аз ӯ тахти Свотро талаб карданд. Бобур ин шартро пазируфт ва дар паи ин созиш подшоҳии 330-солаи тоҷикони Свот (1190 – 1519) аз миён бардошта шуд.

Ба гуфтаи Нур Ҳабиб Свотӣ, ҳамакнун аксарияти кулли свотиҳо забони модарии худро гум кардаву дар водии Пешовар ба пашту ва дар минтақаи Ҳазора ба забони ҳиндку, шохае аз забони панҷобӣ, сухан мегӯянд. Аз ин рӯ, созмони свотиён кӯшиш дорад омӯзиши ториху фарҳанг, адабиёт ва забони форсиро дар мактабҳо ба роҳ монад. Ин созмон “Рустамдор” ном бахше дорад, ки ҷавононро дар бар мегирад ва дарсҳое дар ин замина омода ва баргузор мекунад. Ҷолиб аст, ки ин бахш аз “Свотӣ Қавм Танзим” ба ёди Рустами Дастон номгузорӣ шудааст.

Раҳбари созмони свотиён бо истинод ба додаҳои торихшиносон мегӯяд, свотиён ҳамон тоҷикони шалмонӣ ва тироҳиянд, ки аз Кобулу Кописо дар Ғарб то дарёи Ҷайлам ва Кашмир дар Шарқ зиндагӣ мекарданд, аммо акнун дар ҷамоатҳои свотии манотиқе чун Мансеҳра ва Баттаграм маҳдуд шудаанд.

Вай шумори свотиёнро 800 000 кас мегӯяд, аммо бар ин бовар аст, ки тоҷикони пуштуншуда, ки эҳтимолан аз мансубияти қавмии худ хабар надоранд, тақрибан 3 то 4 миллион нафаранд. Ин рақамҳо ҳама тахминиянд, зеро то кунун саршумории расмӣ баргузор нашуда ва дар тақсимбандии қавмии Покистон мафҳуми эътирофшудаи “тоҷик” вуҷуд надорад.

Фарид Аҳмадӣ, гузоришгари родюи “Осиёи Миёна”, мегӯяд, “Свотӣ Қавм Танзим” ё “Созмони мардуми Свот” 25 октябри соли 2017 дар Вазорати ҳифзи иҷтимоии Покистон ва бар пояи Қонуни ҷамъият ва созмонҳо, ки соли 1860, ҳанӯз дар замони Ҳинди Бритонӣ ба тасвиб расида буд, расман сабти ном шудааст. Ин созмон то кунун дар навоҳии Диру Мансеҳра, дар умум водии Свот, шаҳри Мардони иёлати Хайбар-Пахтунхво ва шаҳри Ровалпиндии иёлати Панҷоб дафтар боз кардааст. Дафтари марказии “Свотӣ Қавм Танзим” дар Исломобод буда, ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Риёзи Арабистони Саудӣ, Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Лондони Бритониё низ намояндагиҳояшро роҳандозӣ кардааст.

Мавзуъ

Покистон аз ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотӣ бо Амрико даст кашид
Покистоние аз Ню-Йорк: Тоҷикистон Меҳани дувуми ман аст
Олимони тоҷик Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро дар Покистон ёд карданд
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкории иқтисодиву тиҷориро густариш медиҳанд
Барчаспҳо:
бозёбии ҳувияти тоҷикӣ, тоҷикони Покистон, Созмони мардуми Свот, Свотӣ Қавм Танзим, Нур Ҳабиб Свотӣ, Свот, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ