Сафорати ҶТ ба муҳоҷирон: гувоҳиномаҳои ронандагиро дар Маскав иваз кунед

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВодительское удостоверение нового образца, архивное фото
Водительское удостоверение нового образца, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия гувоҳиномаҳои ронандагии муҳоҷиронро иваз мекунад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагиву кор мекунанд, аз ин пас метавонанд гувоҳиномаҳои ронандагии кӯҳнаашонро дар Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Маскав ба гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ иваз кунанд, эълом кардааст хадамоти иттилоърасонии ВУХ Тоҷикистон.

Барои дарёфти гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат маълумотномаи тиббӣ, нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва расиди пардохти 100 дулорро пешниҳод кунанд.

В России начали выдавать водительские удостоверения нового образца - Sputnik Тоҷикистон
БДА ба ронандаҳо: таваҷҷуҳ, барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ 3 рӯз монд

Бахши консулӣ дар 14 рӯзи корӣ гувоҳиномаи ронандагии зистсанҷишӣ ё биометриро омода мекунад. Ин гувоҳиномаҳо бо стандартҳои байналмилалӣ созгор буда ва 10 сол эътибор доранд ва аз онҳо мешавад дар 166 кишвар истифода кард.

Яке дигар аз бартариҳои гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ ин аст, ки дорандаи он метавонад бо гузаштан аз се имтиҳон аз назарияи қоидаҳои ронандагӣ, худравронӣ дар майдони омӯзиш ва худравронӣ дар шаҳр гувоҳиномаи ронандагии Русияро дарёфт кунад.

Лентаи хабарҳо
0