00:07 22 феврали 2018
Пахши мустақим
муҳоҷирон, акс аз бойгонӣ

Исёни муҳоҷирон: дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар талаби ихроҷ боздоштгоҳро оташ заданд

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Красноярск аз исёни оммавии муҳоҷирон пешгирӣ карданд. Ташкилкунандагони ошӯб ва ширкаткунандагони он ба ҳабси пешагӣ гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар боздоштгоҳи муваққатии  муҳоҷирони Сарраёсати ВУД Русия дар вилояти Красноярск шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши ғайриқонунӣ боздошт ва нигоҳ дошта мешуданд, хархашаву саркӯби намуданд.

Талаби онҳо беҳтар намудани шароити зист дар боздошгоҳ ва ихроҷи саривақтиашон будааст. Дар ин бора намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Красноярск Олга Шаманская ба РИА Новости хабар додааст.

Ин ҳодиса субҳи 3 феврал рух дода будааст.

"Бино ба маълумоти пешакии тафтишот, субҳи 3 феврал наздики 20 шаҳрванди хориҷие, ки дар се ҳуҷраи ошёнаи якуми боздошгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, дари ҳуҷраҳояшонро баста, бистарҳояшонро оташ заданд ва дурбинҳоро шикастанд. Ин амали онҳо боиси вайрон шудани кори муассиса шуд. Талаби асосии боздоштшудагон беҳтар намудани шароити боздоштгоҳ ва саривақт ихроҷ кардани онҳо ба Ватан будааст",- мегӯяд Шаманская.

Бино бар иттилои вай, полис якҷоя бо мақомоти қудратии Гврадияи миллии Русия ин ошӯби муҳоҷиронро пешгирӣ карданд ва ҳамаи ташкилкунандагону ширкаткунандагони исён бо полис интиқол дода шудаанд.

Бо ин далел, Кумитаи тафтишотии вилоят мувофиқи моддаи 212, банди 2 Кодекси ҷиноии ФР (ширкат дар ошӯби умумӣ)парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ҳоло ду ташкилотчии бетартибиҳо ба ҳабси пешакӣ гирфта шудааст. Як тани дигар, ки бо маслиҳати ташкилкунандагон амволи муассисаро нобуд карда буд, пурсуҷӯ мешавад.

Барчаспҳо:
бетартибӣ, ошӯб, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ