03:30 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Украинские пограничники, архивное фото

Марзбонони Украина як муҳоҷири тоҷикро дар марз бо Урупо дастгир карданд

© Sputnik / Александр Мазуркевич
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки қонунан ба Украина рафта, мехоста аз онҷо қонуншиканона ба яке аз кишварҳои Иттиҳодияи Урупо муҳоҷират кунад

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Марзбонони Украина ду муҳоҷир – яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Туркияро дастгир кардаанд, ки мехостаанд қонуншиканона ба Лаҳистон бигзаранд, гузориш додааст равобити умумии Идораи марзбонии Украина.

“Марзбонон дар марз бо Лаҳистон марзшиканеро дастгир карданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар паи бозҷӯӣ дониста шуда, ки вай 29-сола буда ва бо ҳавопаймо ба Украина омада ва мехостааст марзро шикаста ба яке аз кишварҳои Иттиҳодияи Урупо муҳоҷират кунад”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Яке дигар аз марзшиканон, ки низ мехоста қонуншиканона Лаҳистон биравад, гузарномаи шаҳрванди Испанияро ба марзбонон нишон додааст.

Вале дар паи бозҷӯӣ ошкор шуда, ки вай шаҳрванди Туркия будааст. Ӯро барои кӯшиши марзшиканӣ ҷарима бастаанд.

Мавзуъ

Милиса роҳбари ширкатеро дастгир кард, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил кардааст
Русия дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои муҳоҷират номнавис намекунад
Дар Душанбе муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкор шуд
Муҳоҷират ба Суғд: наздики 4000 нафар ҷои кор ёфт
Барчаспҳо:
"муҳоҷирати ғайриқонунӣ", марзшиканӣ, Идораи марзбонии Украина, Украина, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ