03:22 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Многофункциональный миграционный центр, архивное фото

Русия қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро ташдид мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
402 0 0

Шаҳрвандони хориҷӣ аз ин пас бояд дар маҳалли иқомати воқеъияшон сабти ном шаванд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Думаи кишварӣ – Маҷлиси қонунгузори Русия – дар назар дорад, ки қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро ташдид кунад, гузориш медиҳад рӯзномаи “Известия”.

Дар назар гирифта шуда, ки шаҳрвандони бегона бояд дар маҳалли иқомати воқеъияшон номнавис шаванд. Нишонии корфармо дар сурате лозим хоҳад шуд, ки муҳоҷир дар маҳалли кораш иқомат ҳам кунад.

Ҳамчунин дар назар аст муқаррароте ҷорӣ шавад, ки бар пояи он  шаҳрвандон хоҳанд тавонист сабти номи муҳоҷирон дар манзилҳои худро яктарафа лағв кунанд, агар тамос бо ӯ гум шуда бошад ва ё қарордоди корӣ бо муҳоҷир ба поён расида ва ё бекор карда шуда бошад.

Яке аз пешниҳодкунандагони ин тағйирот дар қонунгузорӣ ба “Известия” гуфтааст, ки манзур аз ин ислоҳот дарёфти иттилоъоти дақиқ аз маҳалли будубоши муҳоҷирон аст.

“Аз ин рӯ, дар ин пешнависи қонун дар назар гирифта шуда, ки дар сурати бекор шудани қарордоди корӣ бо шаҳрвандони бегона иҷорадиҳандаҳо ва ё корфармоҳо битавонанд сабти иқомати онҳоро дар маҳалли зисту корашон лағв кунанд”, — гуфтааст Илдор Ҳилмуддинов.

Мавзуъ

Марзбонони Украина як муҳоҷири тоҷикро дар марз бо Урупо дастгир карданд
Сад соат роҳ: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик аз Маскав ба Душанбе бар мегарданд (АКС)
Русия аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон 160 миллиард рубл фоида дидааст
Тоҷикистон ҳам муҳоҷирони ғайриқонуниро ихроҷ мекунад
Президент: муҳоҷирон орзуи шаҳрванди Русия шудан надоранд
Исёни муҳоҷирон: дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар талаби ихроҷ боздоштгоҳро оташ заданд
Барчаспҳо:
қонуни сабти номи шаҳрвандони бегона, муҳоҷират, Думаи кишварии Русия, Илдор Ҳилмуддинов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ