Думаи Русия ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро ба пулис дод

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкСпецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото
Спецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ин вақт Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ваколатдори муайян намудани тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ буд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Думаи давлатӣ дар хониши аввал тарҳи қонуни давлатиро, ки ба ВУД Русия ҳуқуқи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванидро бо мувофиқати мақомоти федералии ҳукумати иҷроия медиҳад, қабул кард.

Ин тарҳ ба қонуни федералии "Дар бораи ҳолати қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" тағйирот ворид мекунад.

Чӣ тавре ки қаблан гузориш дода шуда буд, то ин вақт ваколатдори муайян намудани тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ Хадамоти федералии муҳоҷират буд.

Исёни муҳоҷирон: дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар талаби ихроҷ боздоштгоҳро оташ заданд

Пас аз лағв намудани ХФМ-и Русия ва гузоштани ин вазифа ба ӯҳдаи Вазорати корҳои дохилии Русия, ин ваколатҳо ба ихтиёри ВКД Русия гузошта нашуда буданд. Тавассути тарҳи қонун ба ВКД чунин ваколатҳо пешниҳод мешаванд.

Пештар дар минтақаи Красноярск муҳоҷирон шӯриш бардошта буданд то онҳоро дар зудтарин фурсат ба ватанҳояшон ихроҷ намоянд.

Субҳи 3 феврал, тақрибан 20 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар се хонаи ошёнаи якум нигоҳдорӣ мешуданд, аз дохили утоқҳо худро маҳкам намуда, матрасҳоро сӯзондаанд, чанд камераҳои мушоҳидаи видеоиро шикастаанд, ва бо ин амалҳояшон хостаанд корҳои муассисаро дарҳам зананд.

Талаботи асосии шӯришчиён беҳтар намудани шароит нигоҳдорӣ ва ихроҷи зудтар ба ватанҳояшон будааст.

 

Лентаи хабарҳо
0