23:53 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Аминҷон Хоҷаев ном шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Калинин дар шаҳри Санкт-Петербург то 21 апрел боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) Аминҷон Хоҷаевро 22 феврал ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар Петербург дастгир карда буд.

“Додгоҳи ноҳияи Калинин шаҳрванди Тоҷикистон Аминҷон Хоҷаевро, ки бар асоси моддаи 205.3 Қонуни ҷиноии Русия (тамрин гирифтан барои анҷоми фаъолияти теруристӣ) муттаҳам шудааст, барои ду моҳ, то 21 апрели соли 2018 боздошт кардааст”, — иттилоъ додааст Дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои Петербург.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки нерӯҳои амниятии ФСБ Русия дар шаҳри Петербург 22 феврал як муҳоҷир аз Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии ҳамлаҳои теруристӣ дар созаҳои таробарӣ ва маконҳои умумӣ дастгир кардаанд.

Мавзуъ

ФСБ теруристеро аз миён бардошт, ки мехост дар рӯзи интихобот амалиёт анҷом диҳад
ФСБ Русия се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро боздошт кард
Ҳуҷуми Муртазо Маҳмудзода ба афсари ФСБ (НАВОР)
ФСБ Русия теруристҳои хориҷиро радабандӣ кард
Барчаспҳо:
теруризм, Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ), Аминҷон Хоҷаев, Санкт-Петербург, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ