13:29 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
406 0 0

Раҳбари созмони иҷтимоъии “НУР” Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз асару таъсиргузории мусобиқаҳои шаҳмот дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфт

Дирӯз, 25 феврал созмони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав “НУР” севумин мусобиқаи шаҳмотро дар миёни кӯдакон ва калонсолон баргузор кард.

Раҳбарин созмони “НУР” Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд:

“Чанд сол пеш аз ин тасмим гирифтем, ки дар канори барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бавижа шаҳмотро низ баргузор кунем. Ҳадафи аслӣ аз баргузории ин мусобиқаҳо на танҳо тарвиҷи варзиш дар миёни ҳамшаҳриҳоямон аст, балки ҳамсоз кардани муҳоҷирон дар ҷомеъаи Русия низ ҳаст то барои зисту зиндагӣ дар калоншаҳре чун Маскав созгор шаванд”.

Вай ёдоварӣ мекунад, ки созмони “НУР” нахустин мусобиқаи шатранҷашро порсол, дар феврали соли 2017, ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баргузор карда буд.

Дувумин мусобиқа дар моҳи сентябри соли 2017 баргузор шуд ва дар он бештар муҳҷирони тоҷикистонӣ ширкат карда буданд. Аммо дар севумин мусобиқа аз 15 кишвар ширкаткунанда бо якдигар зӯрозмоӣ карданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 92 кас ширкат кард, ки 26 кас аз онҳо кӯдакон буданд.

Алимамад Боймамадов мегӯяд, ки созмони “НУР” дар ин замина бо дигар созмонҳои муҳоҷирӣ низ ҳамкорӣ мекунад ва барои тарвиҷи шаҳмот дар миёни муҳоҷирон омӯзишкадаи шатранҷбозӣ низ ташкил карда, ки бисёре аз ҷавонон дар он номнавис шудаанд.

Мавзуъ

Ситоиши Коженов аз фаъолияти созмонҳои "Нур" ва "Помир" дар Русия
Олимпиада дар Маскав: созмони "Нур" дониши фарзандони муҳоҷиронро месанҷад
Барчаспҳо:
шатранҷбозӣ, варзиш, Созмони "Нур", Алимамад Боймамадов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ