03:38 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Полис дар вокзал, акс аз бойгонӣ

Тоҷикону узбакҳо мушкилоти воқеъии худро ба раҳбарони Маскав боз гуфтанд

© Sputnik / Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Бетафовутии масъулин, фасод, бесаводии қонунӣ ва дигар мушкилоти муҳоҷирон дар дидори намояндагони ҷомеа, Вазорати умури дохила ва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки монеъи аслӣ дар роҳи иқомати қонунии онҳо дар Русия бюрократия ва бетафовутии кормандони давлатӣ аст.

Ин масоил ва дигар мушкилот дар дидоре баррасӣ шуд, ки 23 март дар шаҳраки Красногорск баргузор гардид. Дар ин дидор муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон ва намояндагони ниҳодҳои давлатии Русия – намояндагони Маҷлиси мадании Русия, раҳбарони бунгоҳҳои муҳоҷиратӣ, кормандони Вазорати умури дохила ва мудофеъони ҳуқуқи башар, дар мавзуъҳои мубрам баҳсу мунозира карданд.

Баҳсҳо доғ буданд, ки аҷиб ҳам нест: ҳар муҳоҷире метавонад аз саргузашташ даҳҳо намуна биёрад, ки чигуна кормандони пулис ҳуқуқашонро поймол кардаанд ва ё кормандони ниҳодҳои назоратӣ аз ҳуқуқашон дифоъ накардаанд.

Чунин рухдодҳо кам нестанд. Чунончи, Нигина ном муҳоҷире аз Узбакистон, ки ҳамсараш шаҳрванди Русия аст ва хонаводааш дар ин кишвар зиндагӣ дорад, ногаҳон огоҳ мешавад, ки вурудашро ба Русия мамнуъ кардаанд.

Далеле ҳам барои мамнуъулвуруд карданаш набуд, чунон ки қоидатан барои ду қонуншикании маъмурӣ муҳоҷирро "роҳбандон" мекунанд, балки дар фурӯдгоҳ низ касеро роҳашро нагирифту чуну чарое ҳам накард.

Нигина гила мекунад, ки ҳарчанд хоста ин масъаларо бо роҳи қонунӣ ҳалл кунад, вале кормандони ниҳодҳои давлатӣ бо коғазпарониву бепарвоӣ ӯро аз утоқе ба утоқ мефиристанд ва чанд бор таҳдид ба ихроҷаш ҳам кардаанд.

Яке дигар аз муҳоҷирони узбак низ мегӯяд, ки кормандони пулиси роҳи шаҳраки Чехов борҳо худравашро боз истондаву худро муаррифӣ накарда санадҳояшро гирифтаанд.

Камбахтона, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар чунин маворид наметавонанд кумаке ба муҳоҷирон кунанд, магар ин ки худ хадамоти пуштибонии ҳуқуқӣ дошта бошанд, чуноне ки Федеросюни муҳоҷирони Русия дорад. Раҳбари ин федеросюн Вадим Коженов аз муҳоҷирон даъват мекунад, ки мушкилоташонро бо ФМР дар миён бигзоранд.

Намояндаи Идораи кулли муҳоҷирати Идораи умури дохилии шаҳри Маскав Татяна Дмитриева мегӯяд, беҳтарин роҳи ҳалли чунин масоил шикоят бурдан ба Идораи амнияти дохилии ВУД Русия аст.

Аммо ин роҳ худ як монеъа дорад: бисёре аз муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд то шикояташонро дақиқ матраҳ кунанд. Афзун бар ин, чуноне ки бархе аз муҳоҷирон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, онҳо ҳеч бовар надоранд, ки ниҳодҳои интизомӣ ба шикояти муҳоҷирон аз кормандони пулис расидагӣ хоҳанд кард.

Ҳамин бовар надоштан ба масъулину ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамчунин бесаводии қонунии худи муҳоҷирон маъмулан бештар бало бар сари муҳоҷирон меорад. Чунончи, аз рӯи надонистани қонунҳо муҳоҷирон гирифтори фиреби "миёнаравҳое" мешаванд, ки санадҳои сохтаро барояшон мефурӯшанд.

Мудири Бунгоҳи чанлкораи муҳоҷиратии "Сахарово" Николай Федосеев чанд намуна аз тақаллуб дар имтиҳонҳои забони русӣ меорад.

"Матни озмун бисёр содда аст, вале ҳамонро ҳам 17 – 18 дарсад аз муҳоҷирон наметавонанд дуруст пур кунанд. Чунин муҳоҷир, ки аз ин имтиҳон нагузашта, гувоҳиномаи таҳсил дар кадом донишгоҳи давлатиро меорад, ки бархе аз онҳо на дар Маскав, балки дар Санкт-Петербург ҷой доранд", — тавзеҳ медиҳад Федосеев.

Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷироне, ки чунин "гувоҳинома" ва "донишнома" мехаранд, инро намедонанд, ки Вазорати маориф ингуна санадҳоро бозрасӣ мекунад ва сохтаву беэътибор буданашон осон ошкор мешавад, вагарна ҳаргиз онҳоро аз дипломфурӯшҳо намехариданд.

Вазъ бо санади сабти иқомат ё регистрасия низ ҳамингуна аст.

"Бисёр муҳоҷироне инҷо омадаанд, ки масалан, дар нишонии Майдони Сурх, сохтмони шумораи 1, сабти иқомат шудаанд. Ногуфта пайдост, ки касе аз онҳо дар Кремл иқомат намекунад. Кормандони мо ба чунин муҳоҷирон тавзеҳ медиҳанд, ки агар ҳам ин санадро қабул кунанд, ки мушкиле ҳам надорад, вале муҳоҷир бо кормандони Вазорати умури дохила мушкил пайдо хоҳад кард. Кормандони ВУД ё вуҷуд надоштани чунин нишониеро зуд ошкор мекунанд ва ё ин ки "хонаи резинӣ" буданашро маълум мекунанд, ки беш аз 2 ҳазор "бошанда" дорад", — мегӯяд мудири бунгоҳи "Сахарово".

Ин бунгоҳ барои пешгирӣ аз ихроҷи муҳоҷир аз Русия барояш фурсат медиҳад ки то як моҳ дар нишонии ин бунгоҳ иқоматашро сабт кунад. Агар корманди пулис муҳоҷиреро, ки дар ин нишонӣ номнавис шудааст, боз истондаву иддаъо кунад, ки санади сабти иқоматаш эътибор надорад, муҳоҷир бояд ҳарчи зудтар ба Федеросюни муҳоҷирони Русия рӯй оварад.

Дар миёни сухан, агар аз кори бунгоҳи "Сахарово", ки муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав номнавис мекунад, шикояте нест, аз кори бунгоҳи "Гринвуд", ки ширкате хусусӣ аст ва муҳоҷиронро дар вилояти Маскав номнавис мекунад, шикоят фаровон аст. Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон аз гаронии нархи хадамоти ин бунгоҳ бисёр шикоят мекунанд.

"Дар бунгоҳи "Сахарово" барои дарёфти муҷаввизи кор дар шаҳри Маскав 12 ҳазор рубл ҳазина мешавад, вале дар бунгоҳи "Гринвуд" ин санадро бо 20 ҳазор рубл таҳия мекунанд. Магар намешавад нархҳоро дар ин бунгоҳҳо яксон кард?", — гила мекунад Ботирҷон Шерматов, ки худ коршиноси ҳуқуқ аст.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулини давлатӣ, кормандони пешини Созмони федеролии муҳоҷират, ки чанд сол пеш мунҳал шуда, борҳо ва борҳо гуфтаву мегӯянд, ки санадҳои иқомату кори муҳоҷиронро дар шаҳру вилояти Маскав бояд як созмон таҳия ва судур кунад.

"Агар муҳоҷират аз масоили муҳими давлатӣ ва фаротар аз он – амнияти кишвар аз теруризм аст, чаро дар ин замина бунгоҳҳои тиҷорӣ хидматрасонӣ мекунанд, ки муқтазои табиаташон дарёфти даромаду суд аст?", — мепурсад Богдан Беспалко, коршиноси масоили муҳоҷират аз Донишгоҳи Ломоносови Маскав.

Аммо раҳбари Федеросюни муҳоҷирати Русия Владимир Коженов бар ин назар аст, ки то замоне, ки бунгоҳҳои муҳоҷиратии тиҷорӣ ба ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо вобаста ҳастанд ва барояшон даромад меоранд, ин масъала ҳаллашро нахоҳад ёфт.

Ёдоварӣ мекунем, ки бино ба додаҳои Идораи кулли муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Русия, то 1 марти соли 2018 дар шаҳри Маскав 1 365 500 шаҳрванди хориҷӣ иқомат дошта, ки аз ин шумор 23 дарсадро шаҳрвандони Узбакистон, 19 дарсадро шаҳрвандони Тоҷикистон, 16,7 дарсадро шаҳрвандони Қирғизистон, 11 дарсадро шаҳрвандони Белорус ва 9,9 дарсадро шаҳрвандони Укроин ташкил додаанд.

Барчаспҳо:
мушкилӣ, ВУД Русия, муҳоҷирон, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ