Барои кӯдакони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав олимпиадаи мактабӣ сар шуд

© © РГО "НУР"В офисе РОО "Нур" прошла церемония открытия Школьной олимпиады "Нур"
В офисе РОО Нур прошла церемония открытия Школьной олимпиады Нур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наздики 200 донишомӯзи тоҷик дар олимпиадаи мактабӣ аз фанҳои гуманитарӣ иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Маскав маросими кушодани давраи дуюми олимпиадаи мактабӣ барои атфоли муҳоҷирон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Созмони ҷамъиятии "Нур".

Ин чорабинӣ бо дақиқаи сукут ба хотираи касони фавтида дар сӯхтори шаҳри Кемерово оғоз шуд.

Дар маросим раиси "НУР" Алимамад Боймамадов, ва ҳамчунин 230 мактаббача ва волидайни онҳо ширкат доштанд.

"Ҳадафи асосии мо — ошкор намудани талабагони лаёқатманд аст, ки баъдан бо онҳо омӯзгорони ботаҷриба алоҳида, кор мекунанд", — шарҳ дод Боймамадов.

Пас аз ин, кӯдакон ба синфхонаҳо тақсим карда шуда, ба озмоиши забони русӣ пардохтанд.

Председатель РОО НУР Алимамад Баймамадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боймамадов: олимпиада садди равониро аз кӯдакони муҳоҷирон дур мекунад

Давраи дуюми олимпиада аз рӯи ин фанҳои гуманитарӣ баргузор хоҳад шуд:

  • Забони русӣ (синфҳои 5-11) — 28.03.2018
  • Ҷамъиятшиносӣ (синфҳои 5-11) — 30.03.2018
  • Забони англисӣ (синфҳои 5-11) — 04.04.2018
  • Таърихи Русия (синфҳои 5-11) — 06.04.2018
  • Адабиёти рус (синфҳои 5-11) — 11.04.2018
  • Дар натиҷаи озмоиш аз рӯи тамоми фанҳо, дар таърихи 15 апрел маросими ҷоизасупорӣ баргузор мегардад.

    Барандаҳои 13-17-соларо созмон бо роҳхатҳои Артек қадрдонӣ намуд. Он ҷо онҳо дар Барномаи байналмилалии "Стратегияи оянда" ширкат варзиданд, ки 21 рӯз давом кард.

    Бар асоси натоиҷи олимпиада, Мактаби олии иқтисод, Донишгоҳи русиягии дӯстии халқҳо, Донишгоҳи равоншиносӣ-омӯзгории Маскав, Донишгоҳи ҳавофазоии Самара ва Донишгоҳи давлатии Толятти хоҳиши иштирок дар ташкили озмоишот ва интихоби талабагони қобилиятнокро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои худ, кардаанд.

    Шурӯъ аз соли нави таҳсил, барномаи олимпиадаи мактабӣ дар якҷоягӣ бо ин донишгоҳҳо мувофиқа карда мешавад.

Ученик 9-го класса Таджикско-Русского Лицея Хотам и ПВ Пиров Далер в центре - Sputnik Тоҷикистон
Донишомӯзони тоҷик аз олимпиадаи илмӣ дар Боку ду медол ба даст оварданд

Мухтасаре дар бораи тарҳ

Лоиҳаи олимпиадаи мактабии "Нур" яке аз самтҳои фаъолияти бахши таълимии созмон мебошад. Ин лоиҳа яке аз қисмҳои силсилаи фанноварӣ аст, ки барои беҳбуд гардонидани таҳсили кӯдакони зодаи Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0