17:27 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Телеведущий Владимир Соловьев, архивное фото

Соловёв: Маҳмуду Фарзонро қадрдонӣ кунед

© Sputnik / Алексей Куденко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
151360

Ду ҷавони тоҷик ҳар коре, ки аз дасташон меомад, карданд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Владимир Соловёв —муҷрии барномаи  "Вечер с Владимиром Соловьевым" дар шабакаи "Россия 1"  хостори қадрдонии Русия аз ду ҷавони тоҷик Фарзон ва Маҳмуд шуд.

Вай дар барномае, ки шоми 29 март пахш шуд, аз амалкарди кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар сӯхтори фурӯшгоҳи "Зимняя вишня" дар Кемерово шадидан интиқод кард.

"Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки дар ин сӯхтор ҳар коре ки аз дасташон баромадааст, анҷом додаанд. Аммо онҳо чӣ кор карданд?", — мепурсад вай.

Дар идомаи суханрониаш Соловёв якбора аз Маҳмуду Фарзон ёдовар шуд ва гуфт, ки ин ҷавонҳо ҳар чӣ ки аз дасташон омад, карданд, на КҲФ.

" Масалан ин ду ҷавони тоҷик, ки даҳҳо нафарро наҷот доданд, онҳо беш аз 30 кас, наздики 50 нафарро наҷот доданд. Маҳмуду Фарзонро метавон гуфт, ки ҳар чӣ ки аз дасташон омад карданд",- таъкид мекунад Владимир Соловёв.

Муҷрӣ меафзояд, қаҳрамонии ин ҷавононро бояд қадрдонӣ кард.

"Як аксбардори дигар 30 нафарро наҷот дод,  як ҷавони 19-сола се кӯдакро баровард — инҳо қаҳарамононе буданд, ки ҳар коре, ки аз дасташон меомад, карданд. Аз онҳо ҳатман бояд қадрдонӣ карда шавад",- мегӯяд вай.

Пештар хабар дода шуд, ки шоир ва рӯзноманигори тоҷик Адиба Азиз дар шеъре қаҳрамонии Маҳмуд ва Фарзонро васф кард.
"Тан ба оташ задани ду ҷавони тоҷик хеле хатарнок буд. Маҳмуду Фарзон бори дигар собит карданд, ки тоҷикон миллати ҷонфидо, шуҷоъ ва таваккалкор ҳастанд",- тавзеҳ медиҳад навиштаашро шоир.

Худи Маҳмуд ва Фарзон дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтанд, ки то дақиқаҳои охир дар дохили маркази савдои "Зимняя вишня" монда, ба берун баровардани бошандагони он кӯмак карданд. Онҳо танҳо замоне биноро тарк карданд, ки нафас кашидан ва дидан ғайриимкон шуд.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.
Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

© RT
Работники торгового центра Махмуд Ходжаев Фарзон Салимов рассказали, как спасали людей в Кемерово

 

 

Барчаспҳо:
ҷоиза, қаҳрамон, Маҳмуд ва Фарзон, Владимир Соловев, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ