Бо мошин нашуд, пиёда: муҳоҷири тоҷик ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуд

CC BY-SA 3.0 / Wikimedia / Граница, архивное фото
Граница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори аввал нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қонуни муҳоҷиратии Русияро вайрон мекардааст. Пештар ин ҷавонро аз Русия барои ҷурме депорт ё ихроҷ карда буданд

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Имрӯз, 11 май кормандони идораи марзии ФСБ Русия дар  Алтай як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехост сарҳади Русияро ғайриқонунӣ убур кунад, дастгир карданд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷири тоҷик қонуни муҳоҷиратии Русияро вайрон мекунад.

Пештар ӯ вақте ки тариқи гузаргоҳи "Веселоярск" мехост ба Русия дарояд, огоҳонида шуда буд, ки аз кишвар ихроҷ шудааст.

Бо ҳамин далел, муҳоҷири тоҷик роҳи пиёдаро пеш гирифтааст. Ҳамагӣ пас аз убури 100 метр аз сарҳад марзбонони Русия ин марди тоҷикро дастгир карданд.

Қарор аст, муҳоҷири тоҷик ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида шавад.

Марзбонон аз аввали сол 40 муҳоҷири қонуншиканро дастгир карданд, ки мехостанд ба воситаи вилояти Алтай ғайриқонунӣ аз Қазоқистон ба Русия дароянд.

Лентаи хабарҳо
0