14:02 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Мардонро ба се автобусе, ки дар назди маркази савдо меистод, савор карда, ба шӯъбаи минтақавии ВУД Русия буранд

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Дар Маскав дар назди маркази савдои "Горбушка" бештар аз 25 муҳоҷири меҳнатиро боздошт кардаанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон созмондиҳандаи  вебгоҳи migrant.mobi Ботирҷон Шерматов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба маркази савдои "Горбушка" кормандони мақоқмоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ҳуҷҷатҳои кормандони марказро тафтиш карданд.

Ин маълумотро ҳамчунин ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров тасдиқ кард. Вай дар саҳифаи фейбукиаш навори боздошти муҳоҷиронро мунташир кардаст.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷиронро ба автобусе, ки дар назди маркази савдо меистад, савор карда, ба шӯъбаи полис бураанд.

"Ҳоло тафтишот идома дорад. Аз кӯча ҳам дидан мумкин аст, ки пушти панҷараҳои автобус одамон нишастаанд. Ҳатто чанд шаҳрванди Русияро боздошт кардаанд.  Байни онҳо ҳоло танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон аст, дигар ҳама  шаҳрвандони Русия мебошанд",- тавзеҳ медиҳад вай.

"Ман ба шуъбаи ВУД дар ноҳияи Филёвский занг задам ва ба ман гуфтанд, ки тафтишот бурда мешавад. Як бори дигар аз корманди пулис пурсидам ва онҳо ба ман ҷавоб доданд, ки ҳодисае рух надодааст",- мегӯяд як шоҳиди ҳодиса.

Задержание мигрантов в Москве
© Основатель портала migrant.mobi Ботиржон Шерматов
Задержание мигрантов в Москве

Аз қисми навбатдории шӯъбат ВУД "Филевский парк" ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳодисае рух надода, танҳо тафтиши ҳуҷат сурат мегирад. Аммо ин тафтисолоти бештаре надоданд.

Ҳамаи боздоштшудагонро ба шӯъбаи ВУД Филевский парк" и "Кунцевский" бурдаанд.

Барчаспҳо:
боздошт, муҳоҷир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ