11:18 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Сабти аснод, акс аз бойгонӣ

Ба муҳоҷироне, ки ба шаҳрванди Русия хонадор шудаанд, зиндагии алоҳида мамнӯъ мешавад

© Sputnik / Александр Кожохин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
548 0 0

Комиссияи Ҳукуматии Русия оид ба фаъолияти лоиҳавии қонунгузорӣ тарҳеро баррасӣ кард, ки барои муҳоҷирон никоҳи сохтаро бемаъно мегардонад

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Ҳукумати Русия чораҳои нави мубориза бо никоҳи сохтаро санҷидааст, ки аз он бештар муҳоҷирон сӯиистифода мекунанд.

Ҳоло комиссия ислоҳотҳои омодашударо дар тарҳи қонун дар бораи шароити ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дида мебарояд.
Мувофиқи ислоҳот, дар назар аст, ки ба "шавҳарони хориҷӣ"  зиндагӣ дар дурӣ аз ҳамсаронашон мамнӯъ шавад. Ин қазияро хадамоти муҳоҷиратӣ назорат хоҳад кард.

"Мақсади тарҳ кам шудани шумораи никоҳҳои сохта мебошад. Бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои гирифтани иҷозаи истиқомат дар кишвар аз бастани никоҳи сохта сӯиистифода мекунанд",- мегӯяд раиси Иттиҳодияи вакилони дифои Русия Владимир Груздев.

Тавре раиси иттиҳодия мегӯяд, ин қонун пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандон дар тамоми манотиқи Русия зиндагӣ карда тавонанд. Ҳамчунин маҳдудиятҳо ба рухсатӣ ё сафари корӣ дахл надорад, аммо ба тағйири ҷойи истиқомати доимӣ иҷоза дода намешавад. Яъне "шавҳари хориҷӣ" аз ҳамон минтақае иҷозаи истиқомати муваққатӣ (РВП) мегирад, ки дар он ҷо никоҳ бастааст.

Пештар дар бораи қазияҳои ошкор шудани  никоҳи сохта байни шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирон хабар дода шуда буд.

Барчаспҳо:
ҷазо, никоҳ, зан, муҳоҷир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ