00:56 12 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.74
  • RUB0.14
Муҳоҷирон ҳангоми гирифтани патант, акс аз бойгонӣ

Тартиби нави сабти номи муҳоҷирон ҳангоми баргузории Ҷоми ҷаҳон дар Русия муайян шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
31510

Дар Русия аз 25 май дар иртибот бо баргузории Ҷоми ҷаҳони футбол тартиботи нави муҳоҷиратӣ ҷорӣ шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Русия аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳони футбол мӯҳлати сабти номи муҳоҷирон аз як то се рӯз муайян карда шуд.

"Барои сабтиноми муҳоҷир ҷониби қабулкунанда бояд дар давоми 3 рӯз ҳуҷҷатҳои лозимаро мувофиқи талаботи қонунгузории Русия пешниҳод кунад",- гуфта мешавад дар фармони раисҷумҳури Русия.

Ҳуҷҷати мазкур ба фармон "Дар бораи пурзӯр кардани чораҳои амниятӣ дар давоми Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия", ки  соли гузашта онро президенти кишвар ба тавсиб расонида буд, тағйирот ворид кард.

Мувофиқи тартиботи пештара, шаҳрвандони хориҷие, ки аз 25 май то 25 июл соли 2018 вориди Русия мешуданд, бояд дар муҳлати як рӯз худро ба қайд мегирифтанд.   

Афзун бар ин, ба тартиби бақайдгирии муҳоҷирон низ тағйирот ворид шудааст. Агар пештар шаҳрвандони хориҷӣ худро бояд  дар шуъбаи корҳои дохила ба қайд мегирифтанд, ҳоло метавонад ҳам дар шуъбаҳои вазорати корҳои дохила ва ҳам марказҳои чандкораи Русия (МФЦ) "Мои документы" худро сабти ном кунанд.

Ин тартибот ба шаҳрҳое, ки дар он сабқатҳои Ҷоми ҷаҳони футбол баргузор мешавад, дахл дорад. Аммо  хориҷиёне, ки дар меҳмонхона, бемористон, истироҳатгоҳ ва мавзеъҳои гардишгарӣ меистанд, бояд худро дар муҳлати 24 рӯз ба қайд гузоранд.

Тартиби мазкур барои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, новобаста аз он ки иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё доимӣ доранд, амалӣ мегардад.

Мавзуҳо:
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
Барчаспҳо:
сабти ном, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ